Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати самаранок истифода бурдани обу замин аз тарафи  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод  чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида каналҳои ҳудуди ноҳия, ки солҳо инҷониб таъмирталаб буданд, аз нав таъмиру барқарор  мегарданд.

         Тибқи иттилои сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ноҳияи Тоҷикобод Илҳомуддини Саидҷон  дар ҳудуди ноҳия 11 канал мавҷуд буда, тавассути онҳо 1600 гектар замин обёрӣ мегардад. Айни замон 7 канал аз ҷумла Сари пул, Дараи Нушор, Фатҳобод, Сабзазор, Сафедоб, Кули калон, Кули Мирзангӣ дар ҳолати коршоямӣ ва 4 – тои он каналҳои  Капалӣ, Себистон, Дашти боқӣ ва Полезак таъмири пурраро талаб менамоянд.

         Дар рӯзҳои баҳорӣ канали 8 километраи  Сари пул, ки солҳо боз ба таъмир ниёз дошт. Бо истифода аз техникаҳои Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва ҳашарҳои умумии мардуми ҷамоатҳои Нушор ва Шогадоев аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Айни замон бо истифодаи техникаҳои ин идора ва ҳашарҳои дастаҷамъона дар канали Дараи Нушор бо дарозии 19, 5 километр ва канали Сабзазор бо дарозии 14 километр корҳои таъмирӣ идома доранд.  Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик таъмиру барқарорсозии каналҳои Сафедоб ва Кӯли калон низ оғоз гардад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки хароҷоти таъмири каналҳои мазкур аз ҳисоби пули пардохти ҳаққи хизматрасонии об ва шахсони саховатпеша амалӣ мегардад. Дар натиҷаи пурра барқарор шудани  каналҳои ҳудуди ноҳия 435 гектар замини солҳо бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дохил гардида майдони кишти ғалла, картошка ва дигар зиротҳои полезӣ зиёд мегардад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code