Мувофиқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба ифтихори сазовор ва дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни Ваҳдати миллӣ ва 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои шанбе ва якшанбе тариқи ҳашарҳои дастаҷамъӣ дар ободонии маркази ноҳия саҳм мегузоранд. Тибқи иттилои масъулин чунин ҳашарҳо дар маркази ҷамоатҳо ва деҳоти ноҳия низ роҳандозӣ гардида, баҳри ободу зебо намудани маҳали зисти худ мардум сарҷамъона ва аҳлона заҳмат мекашанд.