Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола рӯзи 23-уми май ҳамчун рӯзи ҷавонон дар саросари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат тибқи нақшаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Тоҷикобод дар бинои бахши фарҳанги ноҳия чорабинии фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид.                  

          Дар қисимати якуми чорабинӣ дар саҳни бино намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардида, дар он ихтирооти хонандагон, ҳунарҳои дастӣ аз қабили гулдӯзӣ, зардӯзӣ, бофандагӣ ва дӯзандагӣ, ҳамчунин санъати чубтарошӣ, аз қабили табақу қошуқ, кафлез, мизу курсӣ, косаҳои чубини гуногун тахта тирак ва дигар анвоъи маҳсулоти чубин ба маърази тамошо гузошта шуданд. Аз намоиши мазкур Раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо намояндагони мақомоти иҷроия, ташкилоту идораҳо ва дигар қишрҳои ҷомеа дидан намуда ба ҳунар ва истеъдоди ҷавонон баҳои баланд доданд.

 

           

           Дар қисмати дуюми чорабинӣ, ки дар қасри фарҳанги ноҳия баргузор шуд, Раиси ноҳия муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо ҷавононро ҳамчун неруи созанда ва тавонои кишвар ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрику муборакбод намуда, онҳоро баҳри хизмати поку шоиста ба Ватан ва сарҷамъию муттаҳидӣ дар атрофи Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд. Зикр намуданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави ноҳия чандин иншоотҳо аз ҷумла Қасри фарҳанг, Боғи фарҳангу фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ иншоотҳои маишӣ сохта ба истифода дода мешаванд, ки  шароити беҳтар барои истироҳат ва фароғати ҷавонон муҳайё мегардад.

       

         

 

 

 

             Дар рафти чорабинӣ муовини раиси ноҳия Назризода Маҳматоир намояндаи фаъоли ҷавонони ноҳия Қуқанзода Саид ва мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия Муҳаммад Шоев аз дастоварду мувафақиятҳои ҷавонон дар тули солҳои охир ёдовар гардида, изҳор доштанд, ки ҷавонони ноҳия дар мусобиқаҳои варзишии ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона намуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Таваҷҷуҳи ҷавонон ба омухтани илму дониш ва касбу ҳунар сол аз сол зиёд гашта,  тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Президенти мамлакат ва тавассути Маркази милии тестии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳу Донишкадаҳои ҷумҳурӣ дохил гардида таҳсил намуда истодаанд.

         

      Дар ҷаъмбасти чорабинӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба як қатор ҷавонони фаъъол ифтихорнома ва туҳфаҳо тақдим гардида, барномаи консертии кормандони бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code