Ҷавононро ҳушёрии сиёсӣ мебояд!
Яке аз ҳадафҳои аслии дини ислом роҳнамоии инсонҳо ба ҳамзистии осоишта, ахлоқи накӯ, раҳму шафқат, бародарию баробарӣ мебошад. Мутаассифона, ҷараёнҳои диние имрӯзҳо аёну ноаён зуҳур намудаанд, ки мақсадашон ба даст овардани ҳокимият ва ҷорӣ намудани афкори бунёдгарои иртиҷоӣ мебошад. Яке аз чунин ҷараёнҳо гурӯҳи «Салафия» мебошад, ки дар як муддати кӯтоҳе, ки дар ҷумҳурии мо пайдо шуд, аз ҳадафҳои номубораки худ дарак дод. Дар байни мардум ҳангоми адои ибодат ва расму русуми динӣ тафриқаандозиҳо сар зада, афкори иртиҷоии намояндагони ин гурӯҳ авзои ороми ҷомеаро халалдор кардан гирифт. Хушбахтона, сари вақт лаҷоми ин гурӯҳҳо кашида шуданд, вагарна эҳтимоли нооромиҳо вуҷуд дошт. Мардуми мусулмони Тоҷикистон аз рӯи мазҳаби ҳанафия расму оини худро ба ҷой меоваранд. Ҷанбаи инсонпарварона ва оқилонаи онро, ки дар таълимоти Имоми Аъзам бештар тарғиб мегардад, мардуми мо сидқан пазируфтаанд.
Бо дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълимоти он ҳамаҷониба омӯхта шуда, бо баргузории конференсию ҳамоишҳои байналмиллалӣ бахшида ба Соли бузургдошти Имоми аъзам аҳамияти башардӯстонаи таълимоти он бори дигар ба ҷаҳониён собит гардид. Сарвари давлати мо аз минбари баланди ҳамоиш таъкид намуданд, ки мардуми мо ба ягон дину мазҳаби бегона эҳтиёҷ надорад ва аз он ифтихор дорад, ки аз рӯи таълимоти некбунёди ин фарзанди тоҷик расму оину суннати аҷдодиро ба ҷо меоварад. Омӯзиши ҷараёнҳои нав собит менамояд, ки ҷараёнҳои ба мисли «Салафия» ва пайравони он дар заминаи афкори иртиҷоии бунёдгароёни гузашта таъсис дода шуда, ҳадафи аслиашон ба ҳар восита бор намудани сиёсати ғаразноки худ ба аҳли ҷомеа ва халалдор намудани фазои осоишта мебошад. Онҳо зери ҳадафи худ асосан ҷавононро қарор медиҳанд, ки афкори тоза дошта, ба пиндори онон олуда намудани мафкураашон осонтар аст. Аз ин рӯ, мо аҳли маоифчиён бояд ҷавононро бо донишу маърифат, хазинаи бои осори башардӯстонаи ниёгон ва ақоиди прогресивии илму фановарии ҷадид ҳидоят намуда, афкори созандаю пешрафтаро дар зеҳнашон мустаҳкам намоем, то заррае ҷой барои қабули мафкураи хурофотпарасти ифротгароён намонад.
Ҳоло мо дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ қарор дорем, ки имсол низ ботантана таҷлил мегардад. Водии Рашт аз мавзеҳое мебошад, ки шоҳиди кашмакашиҳои бемаънои сиёсии даҳаи охири асри гузашта буд. Ба таълимгирандагон аҳамияти имзои Созишномаи сулҳ ва роҳҳои пурпечутоби расидан ба ин рӯзҳои нек, ки бо роҳнамоию ҷоннисориҳои Пешвои миллатамон ба даст омадаанд, ҳамаҷониба фаҳмонида мешавад, то ба қадри ин рӯзгори тинҷу осоишта бирасанд. Хонандагон бояд дарк намоянд, ки маҳз ҷараёнҳои мазҳабию динии иртиҷоӣ ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ боис гардиданд, аз ин рӯ ҳушёрии сиёсиро ҳаргиз аз даст надиҳанд. Мо ба наврасону ҷавонони имрӯза мефаҳмонем, ки ба қадри неъматҳои сулҳу осоиштагӣ, ин ободонию бунёдкориҳо аз ҳоло бирасанд, то дар оянда ҳаёти солиму созанда ва осоиштаро интихоб намоянд.
Наботов Худойдод, Методисти «Литсейи касбии техникии н. Тоҷикобод»