Ба рағми ҷаҳолат машъали хирад  барафрӯзем!  

              То замони ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ тамоми фикру зикр ва саъю талоши роҳбарияти давлат танҳо ба он равона гардида буд, ки халқи худро аз парокандагӣ наҷот диҳад. Ва шукри беҳад Худовандро, ки мо ба рӯҳи шикастнопазири халқи азизамон такя карда, Ватани маҳбубамонро ҳаёти дубора бахшидем ва шоҳроҳи пешрафту ободӣ ва ояндаи некро ба он боз намудем. Эмомалӣ Раҳмон    

              Боиси шукру сарафрозист, ки мо ба наздикӣ  ҷашни 22 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу осоишта таҷлил менамоем.  Дар ин рӯзҳо ёдовар шудан аз рӯзҳои мушкили мардум ва роҳи пурпечутоби  расидан ба сулҳу осоиштагӣ,   бахусус барои ҷавонон дарси ибрат буда, аз манфиат холӣ нест. 

              Дар вазъияти солҳои душвори навадуми асри гузашта, ки мардуми тоҷик парокандаю дилмонда чу мурғи паркандае буданд,  навои сулҳу оштӣ ва   Ваҳдати миллӣ, аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанони азияткашидаи моро болу пар бахшида, ба ҳаёти нави осоишта умедвору рӯҳбаланд намуд. Яке аз осори шуми ҷанги шаҳрвандӣ фирорию дарбадар гардидани қисмате аз мардум буд, ки дар миёни онон хусусан кӯдакону наврасон дучори ҷаҳолат мегардиданд. Аксари ифротгароёни харобиовари  ҷаҳони имрӯза парвардаҳои ҷангу низоъҳои дирӯзаанд, ки ба мушкилоти сангини ҷомеа табдил ёфтаанд. Шукри Ваҳдати миллӣ, ки мардуми парешони моро ҷамъ овард, вагарна кӯдакон дар ҳар гӯшаю каноре ба доми ифротиён гирифтор шуда, ба ҷои чароғи илму ҳунар оташи даҳшату ҷаҳолатро меафрӯхтанд. Аз ин рӯ, дигар набояд ба олудашавии мафкураи наврасон роҳ диҳем, зеро оқибати ногувори онро мо ҳамарӯза шоҳид ҳастем.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам дар кишварҳои исломӣ бархе аз наврасону ҷавонони мо ба таълимоти бегонаи мазҳабию динӣ  ҷалб карда шудаанд. Бо дастури Пешвои миллат ва саъю талошҳои  макомоти ҳифзи ҳуқуқу амният зиёда аз 3000 нафари онҳо бозпас оварда шуда, 300 нафари дигар низ бояд баргардонида шаванд.  Набояд ба олудашавии мафкураи наврасони мо роҳ диҳем, зеро оқибати ногувори онро мо ҳамарӯза шоҳид ҳастем.

Дар кишвари Ҷопон, ки илму техника ва фарҳанги волоро дорост, дар се соли аввали таҳсил барои кӯдакон тарбияро ҳатто аз дониш афзалтар дониста, дар ибтидо ба онҳо арзишҳои ҳурмату эҳтиром, ҷавонмардӣ, меҳрубонӣ ва покизагиро меомӯзонанд.

Ба масъалаи тарбияи насли наврас нигоҳи наву ҷиддӣ зарур аст, роҳҳои амалиеро бояд дарёбем, ки  ба зеҳни кӯдакони имрӯза маърифату андешаи солим мустаҳкам ҷой бигирад, то фардо нохалафоне мафкураи ононро олуда сохта натавонанд. Умед аст, ки насли навини созанда таҳти роҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатамон дар фазои  Ваҳдати миллӣ ва  сулҳу суботи сартосарии кишвар машъали хирад афрӯхта, фурӯғи маърифат бар ифротиёни торикбин  ҳамеша  пирӯз мегардад.

                                                                                                          Ҷамшеди Фозил, омӯзгор Тоҷикобод

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code