Сохтмони майдончаи дилхушӣ барои кӯдакон

              Вобаста ба эълон гардидани солҳои 2019- 2020  ҳамчун солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пайравӣ аз иқдомҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шарқиёни ҷамоати деҳоти Нушор аз тарафи соҳибкор Бегиҷон Худойдодов майдончаи дилхушӣ барои кӯдакон сохта ба истифода дода шуд.

 

        Дар кушодашавии майдончаи мазкур раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо иштирок намуда ба соҳибкор барои ин иқдомаш изҳори сипос намуд. Соҳибкор Бегиҷон Худойдодов дар навбати худ раиси ноҳияро хайрамақдам гуфта ваъда доданд, ки то охири сол ду иншооти дигар, ҳамом ва сартарошхона низ барои сокинони деҳаи Шарқиён сохта ба истифода медиҳад. Майдончаи мазкур бо таҷҳизотҳои замонавии варзишӣ ва дилхушкунанда барои кӯдакон муҷаҳҳаз буда, баҳри  солимӣ ва фароғати кӯдакони деҳот пешбинӣ гардидааст.

  

        

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code