ҲНИТ – ҳизби  ифротӣ

       Гурӯҳҳои ифротгаро ба асли дини мубини ислом бегона мебошанд, вале бархе ашхос ва гурӯҳҳои сиёсӣ зери ниқоби ислом баромад карда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи ҷавононро заҳролуд менамоянд, ғояҳои дини мубуни исломро аз нигоҳи ғаразноки худ шарҳ медиҳанд ва ҷавононро ба вартаи ифротгароиву хурофотпарастӣ меафкананд. Дар ин сурат, ҷавононро лозим меояд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, зеро ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолат буда, ба миллати тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

        Омили асосии сирояти ифротгароӣ ба зеҳну шуури бархе аз ҷавонони тоҷик пайравӣ намудан ба ақидаҳои намояндагони равияҳои «Ваҳҳобия», «Салафия» ва «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошад. Ҳамин аст, ки ҷаҳони имрӯзаро ваҳшати терроризму экстремизм фаро гирифта, ин омил ҷавонони моро низ то андозае ба доми худ кашида истодааст. Гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз эътиқоди динии мардум, нақшаю барномаҳои зидди инсонии худро ташвиқ мекунанд ва ҷавонони гумроҳу аз дину мазҳаб камогоҳ фирефтаи чунин тарғибот мешаванд.

        Манфиатҷӯёни худхоҳ ҷавонони зудбовару хурофотӣ ва бесаводро истифода бурда, мехоҳанд тири нопоки худро ба нишон расонанду мақсадҳои хоҷагонашонро дар ин самт амалӣ намоянд. Бархе ҷавонон бо сабаби мушкилоти иқтисодӣ, қисми дигари онҳо аз надонистани аҳкоми шариати ислом ба ин дом меафтанд. Ифротгарон зери пардаи ислом ва бо бадном кардани ин дини пок амалҳои ваҳшиёнаи худро содир менамоянд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, «терорист дин, мазҳаб, ватан ва миллат надорад»

        Он касе, ки бадбахтии моро мехоҳад, аз мо нест. На аз исломи мо, на аз ҷомеаи башарии мо, на аз ҷаҳони мо. Онҳо ашхосе мебошанд, ки тенҷии моро намехоҳанд, осмони беғубори сайёраи моро тира месозанд. Барои ин, баҳри тенҷии мамлакат, ҳар як фарди шарифи тоҷик бояд саҳмгузор бошад. Нагузорад, ки душманони миллат ҳадафҳои худ ва хоҷагонашонро дар ватани азизи мо амалӣ намоянд. Аз ин лиҳоз, барои пешгирии ин кирдори манфур дар ҷомеа чунин чораҳо андешидан мумкин аст:

  1. Таъмини назорати қатъии волидайн нисбати фарзандонашон, ки аз кадом сомонаҳои интернетӣ истифода мебаранд;
  2. Ташкил намудани ҷаласаҳо аз тарафи маъмурияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон, тарбия намудан дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва меҳанпарастӣ;
  3. Аз тарафи ходимони дин ва сархатибон ба мардум фаҳмонидани ғаразҳои нопоки душманони дини мубини ислом, ки аз номи дин даст ба ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ мезананд;
  4. Манъ намудани фурӯши филмҳои хусусияти зӯроварӣ ва ғайри ахлоқидошта.

        Чунончи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ баён намудаанд: «Мардуми шарифи Тоҷикистон масъулияти имрӯзу фардои кишвар, аз ҷумла ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлаторӣ, таъмини амнияту оромии ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамонро ба зиммаи мову шумо вогузор намудаанд»

        Хулоса, вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст ва мусалмон, бахусус ҷавонон аз он иборат аст, ки ба чунин равияҳои номатлуби замони муосир ба монанди радикализм (тундгароӣ), экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм пайравӣ накарда, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақили тоҷик ҳамеша саъю талош варзем.

                                                                  Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо                                                                                          ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод                                                                                                 Абдуллозода Ҳ.М

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code