Вохурии роҳбарияти ноҳия бо сокинони ҷамоти ба номи Мунавар Шогадоев                                                              

        Тибқи дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод вохурии раиси ноҳия муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо дар ҷамоати деҳоти ба номи Мунаввар Шогадоев бо сокинон баргузор гардид. Мақсади вохурӣ  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ-экстремистӣ ва баргардонии шаҳрвандони гумроҳ аз давлатҳои ҷангзада маънидод гардид.

        Дар вохурӣ намояндагони мақомоти иҷроия, мақомотҳои қудратӣ аз ҷумла суд, амният прокуратура ва милитсия ширкат намуда оиди мавзуъҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, машғул шудан ба таълимоти динии ғайри расмӣ, сарчашмаҳои тероризм, экстремизм, ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа (аз қабили худкушӣ, нашъамандӣ, пушидани сару либоси бегона), инчунин мазмун ва моҳияти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар қонунҳои ҷорӣ маълумот доданд. Аз тарафи мақомотҳои дахлдор қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» таҳлил гардида, ба самъи иштирокдорон расонида шуд. Мувофиқи меъёрҳои Конситутсия ҳар як шаҳрванд вазифадор карда шудааст, ки Конситутсия ва дигар қонунҳоро донад, зеро надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад. Роҳбарияти мақомоти қудратӣ вобаста ба мавзӯъҳои зикргардида маълумот дода, риояи ҳатмии талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз сокинон талаб намуданд.

         Зимни баромадашон раиси ноҳияи Тоҷикобод муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Гайратшо таъкид намуданд, ки тибқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри бартараф намудани камбуди ва норасогиҳо, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҷойдошта ва ташкил намудани шароити мусоид баҳри зиндагии шоиста ҳамарӯза кӯшиш намуда истодаанд. Аз ҷумла сохтмони макотиби наву замонавӣ, майдончаҳои варзишӣ, толорҳои машқу тамрин,  қасри фарҳанг, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва дигар шароитҳои маишию маданӣ дар ноҳия имкон медиҳанд, ки ҷавонон дар муҳити солим ва илму ҳунаромӯзӣ тарбия ёбанд. Дар ин замина мову шуморо зарур аст, ки робитаи худро бо мактаб мустаҳкам сохта, ба савод, рафтор ва тарзи дурусти тарбияи фарзандонамон аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

        Масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, раиси ноҳия қайд намуданд, ки -сабаби асосии шомилшавии ҷавонон ин паст будани сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии онҳо ба ҳисоб меравад. Ба сарварони муссисаҳои таълимӣ, супориш дода шуд, ки пайваста бо хонандагон дар робита бошанд ва онҳоро дар рӯҳияи ватандустӣ тарбия намоянд. Аз шахсони баруманди деҳа, падарон ва ходимони дин даъват ба амал оварда шуд, ки дар тарбияи фарзандон бетараф набошанд. Моҳияти қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро хуб дарк намуда, ба мардуми оддӣ махсусан ҷавонон фаҳмонанд зеро имрӯз тамоми нооромиҳо дар сайёра аз тарафи абарқудратон тавассути ҷавонони гумроҳ роҳандозӣ мегардад. Оромии ҳар як ҷомеа аз сатҳи тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони ӯ вобастагии калон дорад. Қайд гардид, ки масъулин бояд бобати баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар доираи вазифаҳои функсионалӣ дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ҷоннок намоянд.

           Лозим ба ёдоварист, ки ҷамоати ба номи Мунаввар Шогадоев яке аз ҷамоатҳои осебпазир ба шумор рафта, тибқи иттилои мақомотҳои дахлдор 11 нафар шаҳрвандони ҷамоати мазкур дар давлатҳои ҷангзада аъзои гурӯҳҳои терористӣ-экстремистӣ мебошанд. Дар ҷамъбасти вохурӣ волидайни шаҳрвандони гумроҳшуда дар бораи охирин тамос бо  фарзандонашон иттилоъ дода ваъда доданд, ки дар сурати пайдо шудани ягон маълумот дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои қудратӣ баҳри  пайдо ва баргардонии онҳо аз давлатҳои ҷангзада мусоидат менамоянд.

        Чунин вохуриҳои судманд тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар дигар ҷамоатҳо низ дар назар дошта шудааст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code