Мулоқоти судманди раиси Кумита дар атрофи масоили забон ва номгузорӣ
Гавҳар Шарофзода-раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ дар ноҳияҳои водии Рашт қарор дошт. Раиси Кумита бо вакилони маҷлиси вакилони халқ, фаъолон ва зиёиён дар маркази ноҳияи Тоҷикобод мулоқоти судманду ошкоро доир кард, ки фарогири масоили ҳалталаби забон, меъёрҳои он ва татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буданд.
Муҳтарам Гавҳар Шарофзода аз таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки ҳидоятҳои Пешвои миллат моро водор месозад забони модариро ҳамеша ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ дорем. Бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки ба фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани забони шевою шоиронаи тоҷикӣ мебошад.
Ҳамзамон раиси Кумита таъкид дошт, ки дар ноҳияи Тоҷикобод сад дар сад сокинони муқимии ҷумҳурӣ-тоҷикон сукунат дошта, дар муколама, коргузорӣ ва расмиёт танҳо аз забони давлатӣ-тоҷикӣ кор гирифта мешавад. Ҳамзамон муҷиби зикр аст, ки танҳо бо муколама ва коргузорӣ талаботи қонун ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии дар ин самт қабулгардида татбиқи амалии худро намеёбанд. Лозим аст осори пурғановати гузаштаи забонамон ба насли наврас омӯхта шавад, дар муошират забони адабии фасеҳи тоҷикӣ риоя шавад, аз қоидаҳои имло ва сарфу наҳви забон ҳар як соҳибзабон бохабар ва огоҳ бошад. Ӯ фаъолтар кардани кори комиссияи кор бо забон ва истилоҳоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, зеркомиссияҳои он, масъулият доштани роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, зиёиёнро дар самти иҷрои қонуни забон муҳим арзёбӣ намуд.
Масоили номгузорӣ ва номивазкунии деҳаву маҳаллаҳо, лавҳаву овезаҳо мавриди таҳлили амиқ қарор ёфта, бобати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда дар ин самт таклифҳои судбахш баён гардиданд. Иштирокдорони мулоқот ба суолҳои сершумори худ ҷавобҳои саҳеҳу қаноатбахш гирифта, ваъда доданд, ки барои поку беолоиш нигоҳ доштани забон кушиш ба харҷ медиҳанд.
Дар хатми мулоқот Гавҳар Шарофзода мардуми ноҳияро ба 10-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику таҳният гуфта, изҳори умед кард, ки мардуми ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати таҳкими забон ва рисолати он оянда низ масъулияти ҷиддӣ эҳсос менамоянд, дар густариши муҳимтарин рукни ҳастии миллат саҳми муносиб мегузоранд.