Ҷамъбасти 6-моҳа ва вазифаҳо барои соли 2019  

  Дар ноҳияи Тоҷикобод маҷлиси фаъолони ноҳия дар иртибот ба ҷамъбасти шашмоҳа ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2019 баргузор  гардид. Дар он раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурӣ Директори генералии ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Хол Карим Иброҳим намояндагони мақомоти иҷроия, мақомотҳои қудратӣ ва дигар ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.

 

          Дар маҷлиси ҷамъбастӣ ҳисоботҳои муовини якуми раиси ноҳия Зулфиқор Рамазонзода оид ба андозу буҷет, сохтмон ва комуникатсия, савдо ва фаъолияти соҳибкорӣ, ҳисоботи муовини раиси ноҳия Маҳмадтоир Назризода оид ба иҷтимотиёт, масоили забон, занон, ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ, ҳисоботи муовини раиси ноҳия Бахтиёри Ҳақназар оид ба кишоварзӣ, муҳити зист ва масоили замин, ҳисоботи мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди мақомоти иҷроия оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», шомилшавии ҷавонон ба ҳар гӯна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва паёмадҳои номатлуби он шунида шуд.

 

          Дар рафти маҷлис оиди масоили ҳалталаби соли 2019  аз ҷумла бартарафсозии монеаҳо дар пешрафти соҳаҳо ва камбудиву норасоиҳои дар ин самт ҷойдошта Раиси ноҳия муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо суханронӣ намуда ба масъулин дастурҳои мушахас доданд. Қайд намуданд, ки бо вуҷуди ҷой доштани баъзе камбудиҳо дар фаъолияти ташкилоту муассисаҳо  пешравиҳои зиёде дар шаш моҳаи соли 2019  ба назар расида мардуми сарбаланди ноҳия бо дастуру супориш ва сиёсати  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бунёдкориро дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ вусъат бахшида, ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.
          Пас аз пешниҳод ва хулосабарориҳо Маҷлиси фаъолони ноҳия бо назардошти масъалаҳои муҳокимашуда қарор қабул намуданд. Тибқи  қарори мазкур барои истикболи сазовори ҷашни 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони масъул муваззаф гардиданд, ки раванди корҳои бунёдкорию созандагиро дар иншоотҳои ҷашнӣ вусъат бахшида, зери назорати доимӣ қарор диҳанд. Кормандони Раёсати молия ва андоз бояд барои ғани гардонидани буҷаи ноҳия сарчашмаҳои нави андозбандиро ҷустуҷу намуда, баҳри назорати мақсадноки маблағҳои буҷетӣ чораҷӯи намоянд.

          Шуъбаҳои маориф, рушди иҷтимоӣ, робита бо ҷомеа, бахшҳои оид ба корҳои дин, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар ташкилоту идораҳо барои ислоҳи камбудию норасоиҳо ва дигаргуни ворид намудан дар фаъолияти кории хеш дастур гирифтанд. Инчунин барои таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, вусъат бахшидани корҳои омафаҳмонӣ оиди қонунвайронкуниҳо дар байни ҷавонон, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, роҳ надодан ба ҷараёнҳои ифротгаронаи динию мазҳабӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ва иҷрои бечунучарои қонунҳои амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохторҳои марбута супоришҳо дода шуд.

  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code