Сохтмони хати оби нӯшокӣ дар ҷамоати деҳоти Ширинчашма  

          Бо иштироки роҳбари аввали ноҳия муҳтарам Маҳмадшозода Ҳамидулло Гайратшо дар ҷамоати деҳоти Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод маросими ба истифодасупории  хати оби нушокӣ ва хатнасури 15 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, сурат гирифт.

          Дар доираи эълони  солҳои 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар  ҳудуди ҷамоатҳои ноҳияи Тоҷикобод  корҳои созандагию бунёдкорӣ  авҷ гирифта рӯз аз рӯз шароити зиндагии мардуми деҳот беҳтару хубтар мегардад. Аз ҷумла таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ бо дарназардошти  зиёд гардидани аҳолӣ яке аз проблемаҳои аввалиндараҷа дар ноҳия маҳсуб мегардид.

  

        Имрӯзҳо бо ташаббуси Мақомоти иҷроия дар якҷоягӣ бо соҳибкорони муваффақ ин мушкилӣ то андозае ҳал гардида истодааст. Аз ҷумла сокинони деҳаҳои Ширинчашма ва Полезак  солҳои охир аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ доштанд.  Хати оби нушокӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкори маҳаллӣ сокини деҳаи Ширинчашма Холмурод Мираков аз масофаи 6 км кашонида шуда, сокинони деҳаҳои Ширинчашма ва Полезак бо оби тозаи ошомидани таъмин гардиданд. Лоиҳаи сохтмони хати оби нӯшокӣ 80 нуқтаро дар бар гирифта барои 100 хоҷагӣ яъне зиёда аз 600 нафар аҳолии деҳаҳои мазкур бо харҷи 135 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст.  

       

          Дар маросими кушодашавии лоиҳаи  хати оби нушокӣ хатнасури 15 нафар кудакон аз оилаҳои камбизоат низ гузаронида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code