Мулоқоти судманд
Санаи 29.08.2019 дар толори шуъбаи Фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод вохурии Сардори Раёсати Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва минтақаи Рашт Азизулозода Сафиало бо фаъолон ва намояндагони қишрҳои гӯногӯни ҷомеа баргузор гардид. Вохуриро муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Рамазонзода Зулфиқор ҳусни оғоз бахшид. Сипас муҳтарам Азизулозода Сафиало атрофи масъалаҳои доғи рӯз яъне шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористию экстремистӣ сабаб ва омилҳои ҷалб шудани онҳо, роҳҳои пешгирӣ ва ба Ватан баргардонидани ҷавонони гумроҳ аз давлатҳои ҷангзада, инчунин ба масъалаҳои донишандӯзии занону духтарон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии пушидани сару либоси бегона сӯҳбати озоду хотирмон доир намуданд.
Дар рафти сӯҳбат зикр намуданд, ки тамоми ободию пешравии соҳаҳои мухталиф дар ҷумҳурӣ аз баракати сулҳ, истиқлолият ва талошу ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар чунин шароит ва фазои мусоид мо падару модаронро зарур аст, ки ҷавононро соҳиби илму маърифат ва касбҳои замонавӣ намуда, ба меҳнати ҳалол ва ободсозии диёрамон раҳнамун созем. Зеро давлатро танҳо ба воситаи илм, дониш ва ҳунар метавонем обод сохт.
– Имрӯзҳо ҳизбу созмонҳое ҳастанд, ки барои ба доми фиреб кашидани ҷавонони бесавод ва аз ҳақиқат ноогоҳ ҳама корро мекунанд ва бо ин роҳ сарвати зиёд меғундоранд. Ҳизби наҳзат, «Гурӯҳи 24», «Ҳизбуттаҳрир», «Ансоруллоҳ», «Ихвонунмуслимин» ва даҳҳо ташкилоти террористиву ифротии дигар аз ин ҷумлаанд. Таҳлили парвандаҳои ҷиноӣ нишон медиҳад, ки беш аз 90 дарсади дастгиршудагон ҳангоми муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар ба созмону ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ ҷалб гардидаанд ва синну соли беш аз 52 фоизи онҳо аз 18 то 30 солро дар бар мегирад. Самаранок пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва ифротгаро аз раисони ҷамоату маҳаллаҳо, фаъолон ва волидайн вобастагии бевосита дорад.
Дар вохурӣ намояндагони қишрҳои гӯногӯни ҷомеа аз ҷумла раисони ҷамоатҳо, омӯзгорон, эмомхатибон, раисони деҳаҳо ва падару модарони ашхосе, ки айни замон дар давлатҳои ҷангзада қарор доранд иштирок намуданд.