«Мизи мудаввар» ба истиқболи 28-умин солгарди Истиқлолият
Дар ноҳияи Тоҷикобод ба истиқболи 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушодашавии агрегати дуюми Неругоҳи барқии обии Роғун «Мизи мудаввар» баргузор гардид. Ҷамъомади мазкур бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демкратии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод роҳандозӣ гардида, мақсади он муарифии дастовардҳои замони истиқлол, инчунин нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ободӣ, пешравӣ ва гулгулшукуфии Ватан арзёбӣ гардид.
Дар ҷамъомад, ки дар бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гардид, муовини аввали раиси ноҳияи Тоҷикобод Рамазонзода Зулфиқор, муовинони соҳавӣ Маҳмадтоир Назризода, Бахтиёри Ҳақназар собиқадорон ва дигар аъзоёни ҳизб ширкат варзиданд.
Сараввал раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Лутфуло Шифоев ҷамъомадро ҳусни оғоз бахшида иброз намуд, ки дар таърихи ҳар халқу миллат бо ташаббуси абармардони он ҳодисаҳои сиёсие ба вуқуъ мепайванданд, ки нақши онҳо дар давлатсозӣ ва бақою ҳастии ин ё он кишвар роли бузург мебозанд. Ягона рӯйдоди муҳиму тақдирсоз, ки дар замони Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббус ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст, ин ба кор оғоз кардани якумин агрегати Неругоҳи Барқии Обии Роғун буда, қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикии кишвар маҳсуб меёбад. Рӯзи 9-сентябр, дар ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашавии агрегати дуюми НБО Роғун дар назар аст, ки ин рӯйдоди бузурги сиёсӣ буда, баҳри тарақиёти ҳадафи чоруми стратегии давлат, яъне саноатикунонии мамлакат мусоидат менамояд.
Суханронии раиси ташкилоти ибтидоии «Себзор», ки ба қаҳрамонӣ ва фидокориҳои Пешвои миллат дар арсаи сиёсат ва давлатдории навини тоҷикон бахшида шуда буд, диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуд. Номбурда изҳор доштанд, ки Пешвои миллат меъмори давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди бо субот ва устувории ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Моро зарур аст, ки хизматҳои беназиру таърихии ӯро бо камоли масъулият ҳарчи бештару амиқтар омӯзем, таҷассум ва тараннуми онро дар адабиёти миллӣ ва ҷаҳон густариш бахшем, ҷанба ва паҳлуҳои инсонгароёнаву умумибашарии сиёсати ин абармарди миллатро ҳамаҷониба тарғибу ташвиқ намоем.
Дар «Мизи мудаввар» ҳамчунин сармуҳарири рӯзномаи «Паёми Тоҷикобод» Баҳодур Абдусатторзода, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Иброҳим Шоев, мушовири директори маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф Зебо Ҳимматова ва дигар аъзоёни ҳизб баромад намуданд. Дар анҷоми ҷамъомади мазкур муовини Раиси ноҳияи Тоҷикобод Рамазонзода Зулфиқор ҳозиринро ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон табрик ва муборакбод намуда, ба як гурӯҳ ҷавононе, ки нав ба сафи ҳизб дохил шудаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супурд.