Иқдоми созандаи ҲХД дар ноҳияи Тоҷикобод  

 14 -сентябр бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод дар ҳамкорӣ бо Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамчун аксияи тарғиботӣ дар ноҳия ҳашари дастҷамъона гузаронида шуд. Дар ин ҳашар, ки дар доираи корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия дастҷамъона иштирок намуданд.

         Ҳангоми ҳашари мазкур саҳни корхонаю муассисаҳо тозаю озода карда шуда, гулу гулбутта, арчаю дарахтони ороишӣ шодоб гардонида шуданд. Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиёни ҳашар дастурамал доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдим карда шуд.

 

            Ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон аз ҷониби бархе аз иштирокдорон ҳамчун иқдоми шоистаи  пайравӣ ва дастгирӣ хуш пазируфта шуд.  Аз ҷумла ба андешаи корманди Литсейи касбии техникии ноҳия Ҷамшед Фозилов ҷавонони фаъоли ноҳия чунин иқдомҳоро дар татбиқи сиёсатҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар партави корҳои ободонию бунёдкорӣ ва талқини афкори созандаи ҷавонон ҳамаҷониба пайравӣ менамоянд.

    

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code