Мусобиқаи гуштини миллӣ дар Тоҷикобод

          Дар доираи нақша чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи гуштини миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод мусобиқаи гуштини миллӣ байни ҷавонони солҳои таваллуди 2004-2005 баргузор гардид. Дар мусобиқа 160 нафар варзишгарони ҷавон аз дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Вилояти Суғд, Хатлон-1, Хатлон-2,  шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, ва минтақаи Рашт иштирок ва аз рӯи 10 намуди вазн қуваозмоӣ намуданд.  

          Чорабиниро муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод  Назризода Маҳмадтоир ҳусни оғоз бахшида меҳмонон ва кулли иштирокдоронро хайрамақдам гуфт. Рафти чорабинӣ муайян сохт, ки паҳлавонони дастаи «Хатлон-2» бо ба даст овардани 5 медали тилло, 2 медали нуқра, 6 медали биринҷи ҷои аввалро соҳиб гардиданд. Ҷои дуюм бо соҳиб гардидан бо се медали тилло, 3 нуқра насиби варзишгарони дастаи «Хатлон-1» гардид. Дастаи «Душанбе-2»  2 медали тилло 3 нуқра, 2 биринҷӣ ба даст оварда сазовори ҷои сеюм дониста шуд. Ҷои чорум  бо 1медали нуқра ва се медали биринҷӣ ба паҳлавони умедбахши дастаи минтақаи Рашт дониста шуд. Дастаҳои Душанбе-1 бо чор медали биринҷӣ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо се медали биринҷӣ, вилояти Суғд бо 1медали нуқра ва 1 биринҷӣ зинаҳои боқимондаи ҷадвалро бо ҳам диданд.

          Дар ҷамъбасти мусобиқа намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳуакумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъаев, намояндаи Федератсияи гуштини миллии Тоҷикистон Абдулло Саидхоҷаев ҷбарои дар сатҳи баланд ташкил намудани мусобиқа ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод минатдорӣ изҳор намуданд. Қайд намуданд, ки чунин чорабиниҳо баҳри ҳавасманд ва оммавӣ намудани варзиш байни  ҷавонону наврасон мусоидат менамоянд.

             

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code