Коференсияи ҳисоботии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод
Дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод Конференсияи 15-уми ташкилотҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод тӯли дуюним соли охир мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Дар кори конференсия намояндаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси комиссияи тафтишоти ҲХДТ Ҳусейн Ализода иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни баромад Ҳ. Ализода доир ба рафти татбиқи дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти корҳои ободонию созандагии кишвар, дигаргуниҳои азиме, ки таи солҳои охир дар ҷумҳурӣ ба амал омаданд, ба таври муфассал суханронӣ намуд.
Дар назди ҳозирин раиси ноҳияи Тоҷикобод Ҳамидулло Маҳмадшозода доир ба татбиқи Нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва раванди корҳои ободонӣ ва ташвиқотию тарғиботӣ дар ноҳия баромад намуд. Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Лутфулло Шифоев доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар солҳои 2017-2019, корҳои ба сомонрасонидаи ҳизбиён, таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи роҳбарияти олии ҳизб дар ин муддат хисобот дод. Дар маърӯза зикр гардид, ки соли 2019 дар ҳаёти мамлакат бо рӯйдодҳои муҳиму тақдирсози сол ҳамчун соли фаромӯшнашаванда боқӣ монд, ки аз ҳама муҳимтарини он ба истифода дода шудани Агрегати дуюми Неругоҳи барқии обии Роғун мебошад. Ин рӯйдоди бузург, ки бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурӣ-саноатикунонии мамлакат заминаи устувор мегузорад. Зимни маърӯза инчунин аз фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия натиҷагирӣ карда шуд. Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия имрӯз дар сафҳои худ 1719 нафар аъзоёнро дар 46 ташкилоти ибтидоӣ муттаҳид менамояд, ки 752 нафарашон ҷавонони аз 18 то 30 сола ва 275 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Дар давоми ду соли охир 146 нафар ба аъзогии ҳизб қабул карда шуданд, ки аксарашон ба соҳаи маориф мансуб мебошанд. Ташкилотҳои ибтидоии «Фарҳанг», «Ҷамоати Лангари Шоҳ, «Беморхонаи марказӣ», »Себзор», «КАТС», «Зиёиён» дар татбиқи дастуру супоришҳои ҳизбӣ нисбатан фаъол гардидаанд, вале фаъолияти нокифояи ташкилотҳои ибтидоии «Дараи Нӯшор», «Сари пул», «Соҳибкор», «Роҳсоз», «Кишоварз» боиси нигаронӣ мебошад. Мутаассифона, ташаббускорӣ ба аъзоёни ҳизб ҳанӯз ҳам намерасад, хусусан кори комиссияи кор бо ҷавонон ва занон беҳбудиро металабад, қайд намуд, раиси Кумитаи Иҷрояи ҲХДТ дар ноҳия Л. Шифоев.
Дар конференсия ҳайати нави Кумитаи иҷроия интихоб гардида, барои иштирок ба Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вакилон пешбарӣ карда шуданд.