Дар арафаи 25-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Тоҷикобод бинои наву замонавии маркази касбомӯзӣ мавриди истифодабарӣ қарор гирифт. Бинои мазкур дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлати Япония, бо маблағи 818 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои грантии ин кишвари дӯст бунёд гардид. Корҳои сохтмонии иншооти мазкурро ҶДММ «Сохтмони махсус» бо сифати баланд ба анҷом расонид. Маркази касбомӯзӣ дорои утоқҳои ҳунарҳои мардумӣ, дӯзандагӣ, толорҳои сару либоси арӯсӣ, кошонаи ҳусн, утоқҳои муоинаи узвҳои дарунӣ, дандонпизишкӣ ва хонаи машварати ҳуқуқӣ буда, дар ин ҷо 40 нафар духтарони маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.
Дар маросими ифтитоҳи бино раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо, намояндаи Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишимура Эрико, фаъолзанони касбу кори гуногун ва намояндагони сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар суханронии намояндаи Сафорати Ҷопон изҳор гардид, ки Ҷумҳурии Ҷопон аз соли 1996 то инҷониб ҳамчун кӯмакҳои бебозгашт дар қаламрави Тоҷикистон 401 лоиҳаро дар тӯли 23 сол бо маблағи умумии 32 миллион доллари амрикоӣ амалӣ намудааст. Бунёди бинои касбомӯзӣ дар доираи лоиҳаҳои мазкур баҳри беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва рушди минтақаҳои кишвар роҳандозӣ шудааст. Мо умедворем, ки бинои мазкур, ки ба омӯзиши касбу ҳунар ва машваратҳои ҳуқуқӣ барои бонувони ноҳия сохта шудааст, салоҳияти бонувони ноҳияи Тоҷикободро такмил медиҳад.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар асоси дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дастгирии занону духтарони деҳот ва рушди ҳунарҳои мардумӣ амалӣ гардида, ҳамчун армуғони идона дар арафаи ҷашни қонуни асосии кишвар мебошад.