Конференсия бахшида ба рўзи конситутсия 

          Дар толори мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба 25-умин солгарди рӯзи қабули Конситутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Конститутсия қонуни сарнавиштсози миллат» конференсияи илмӣ баргузор гардид.

            Конференсияи мазкурро Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуданд, ки Конститутсия ин воқен шоҳсутун ва шиносномаи давлату халқи тоҷик, санади таърихию тақдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти миллат мебошад. 6 ноябри соли 1994 оғози нави давлату давлатдорӣ, поягузории муносибатҳои ҷадиди иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию сиёсии кишварамон мебошад. Зеро маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ аз тариқи Раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати Қонуни асосии кишвар қабул гардида, вобаста ба пешрафти замон ба он  таъғироту иловаҳо ворид гардидааст.

 

                 Сипас Раиси суди ноҳияи Тоҷикобод Миршарифзода Сайдалӣ атрофи «Нақши конститутсия дар таҳкими ҳокимияти судӣ», прокурори ноҳияи Тоҷикобод Насимзода Маҳмадсаид дар мавзӯи «Мавқеи назорати прокурорӣ дар иҷроиши меъёрҳои конститутсия» ва омӯзгор Ҳоҷиқурбон Сироҷов дар мавзӯи «Конститутсия роҳнамои ҳуқуқи шаҳрвандон» баромад намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code