Ифтитоҳи майдончаҳои варзишӣ
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод ҷашни 25-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иншоотҳои ҷашнӣ истиқбол гирифтанд. Дар ин рӯз дар ҷамоатҳои деҳоти Нӯшор ва Лангари шоҳ бо иштироки Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо ду майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд.