16 ноябр – Рӯзи Президент

         

          Дар ноҳияи Тоҷикобод 16-ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо шукуҳи хосса таҷлил гардид. Аз субҳи барвақт мардуми ноҳия бо либоси идона дар маркази ноҳия ҷамъ омада, тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сараввал роҳпаймоии идона аз назди дарвозаи даромадгоҳи ноҳия шуруъ гардид. Издиҳоми мардум бо шиору плакатҳо, расмҳои Пешвои миллат, парчамҳо ба самти маркази ноҳияи Тоҷикобод равон гардиданд. Дар роҳпаймои ҳазорон нафар сокинон аз ҷумла Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо кормандони мақомотҳои қудратӣ, идораву муассисаҳо, собиқадорони меҳнат ва хонандагону донишҷӯён иштирок намуданд. Дар ин  ҳамоиши идона  масъулини ҳукумати ноҳия, омӯзгорон, аҳли адабу фарҳанг ва ҷавонон оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории  тоҷикон, саҳми Президент дар сулҳу субот ва оромии ҷомеа, ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ сухан гуфта, садоқати бепоёни худро ба Пешвои муаззами миллат изҳор карданд.

          Сипас дар кохи фарҳанг бо иштироки раиси ноҳияи Тоҷикобод кормандони ташкилоту идораҳо собиқадорон ва чавонон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

          Сараввал Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо ҳамаи ҳозиринро ба ин рӯзи муборак табрик ва таҳният гуфта, иброз доштанд, ки имрӯз мо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама, чун наҷотдиҳандаи Ватани маҳбубамон арҷ мегузорем, зеро ӯ тавонист дар лаҳзаҳои басо ҳассос ва ниҳоят мураккаб Ватани азизамон- Тоҷикистонро, ки дар вартаи нобудӣ қарор дошт, наҷот бахшад. Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятест, ки  ҳамаи тавоноиҳои худро ба сурати комил  ба миллат бахшида,  сабру мулоҳиза  ва бурдбориро  пешаи кори  хеш медонад. Ӯ  нафарест, ки  дар хонаводаи  марди меҳнатдӯст ба воя расида, то 40- солагӣ   дар байни мардумони оддӣ меҳнат ва фаъолият намудааст. Шояд сирри нуҳуфтаи  кордонӣ, шуҷоатмандӣ ва  маҳбуби халқ будани ин марди дунёи сиёсат  дар ҳамин фазилатҳо бошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки дар атрофи Сарвари заковатманди худ боз ҳам муттаҳидтар гардида, ба бадхоҳони миллат ҳушдор диҳем, ки ҳеҷ гуна иғвою дасисаи онҳо ваҳдату якдилӣ ва сарҷамъии моро рахна карда наметавонад ва кафолати ҳамдилии мардуми шарафманди Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат аст.

          Дар чорабинӣ ҳамчунин прокурори ноҳияи Тоҷикобод Насимзода Муҳаммадсаид вобаста ба нақши иҷлосияи тақдирсоз дар ҳаёти мардуми Тоҷикистон, маъруза намуда қайд намуданд, ки интихоб гаштани  Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Сарвари давлат дар оғози солҳои 90-ум  санҷиши мардонагӣ, ҷасурӣ, масъулиятшиносӣ ва ватандӯстию нотарсии ин марди наҷиб буд, ки  ҳокимияти сиёсии фалаҷгаштаро барқарор, муносибатҳои бенизомии  иҷтимоиро  муътадил ва сулҳу амниятро пойдор  карда тавонист. Ҳамзамон ин дарки  масъулиятнокӣ  ва амали худташаккулдиҳии шахсиятест, ки дар тӯли 28 соли соҳибистиқлолӣ худро пурра ба ҳимояи ягонагии давлат ва ташкили ҳувияти миллӣ дар шароити пуртазоди ҷаҳонишавӣ бахшидааст. Бояд гуфт, ки чунин инсонҳои шарифу шуҷоъ ҳамеша дар  вазъиятҳои  гуногун  сарнавишти  мардуми  худро ба хубӣ  дарк ва муайян намуда,  номи  неки худро  дар зеҳн ва тафаккури  мардум барои ҳамеша  ҷойгузин мекунанд. Хусусан  дигаргуниҳои  замони соҳибистиқлолӣ- ифтитоҳи иншооти бузурги аср, бунёди неругоҳҳои барқӣ, роҳу нақбҳо, баланд бардоштани  ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан  ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ низ шаҳодати онанд, ки  мардуми Тоҷикистон  ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва  ояндаи дурахшони  Тоҷикистон боварию эътиқоди қавӣ дорад.

          Муҳарири рӯзномаи «Паёми Тоҷикобод» Абдусаторзода Баҳодур оиди сафарҳои Пешвои миллат ба ноҳияи Тоҷикобод ва ободии ин ноҳияи дурдасти Ҷумҳурӣ суханронӣ намуда, аз ғамхорию дастгирии сарвари давлат нисбати мардуми ноҳия, инчунин аз сӯҳбатҳои хотирмон ва таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳояшон ба ноҳияи Тоҷикобод ёдовар шуданд.  

          Дар қисмати поёни чорабинии мазкур барномаи мукаммали фарҳангӣ бо иштироки ҳаваскорон ва кормандони бахши фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардоноида шуд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code