Оғои Салимпур; аз тафриқаандозӣ худдорӣ кун!

          Дунёи имрӯз пур аз манбаъҳои иттилоотист, ки хизмати хоҷагони худро ба ҷо оварда, дастмузди хешро дарёб мекунанд. Онҳо ба хотири мазлумнамоӣ ва гуфтани сухани бедалелу ҳарфи бемасъулиятона, худро мухолифи ҳукуматҳои расмию қонунӣ ълон мекунанд. Зеро табиат ва вижагии фазои расонаии олами имрӯзро омухтаанд ва медонанд, ки расонаву созмонҳои иҷтимоӣ дар Аврупо танҳо ба мухолифони ҳукуматҳо минбар медиҳанд.

          Ба ҳамин монанд “ Ахбор-Ком” ном шабакаи иҷтимоӣ дар “Фейсбук” амал дорад, ки Мирзои Салимпур онро пеш бурда, ҷаҳонро бо ахбори муғризона ва яктарафа гул зада, ҷуз тафриқаандозӣ мақсади дигар надорад. Салимпур (Мирзо) тоҷик аст, тоҷики зодаи ноҳияи Нурободи Тоҷикистон. Аммо мафкураи ӯ ба афкори ҳизби терористию экстремистии амалаш мамнуъи наҳзати ислом тобеъ аст.Дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аз шаҳри Варшаваи давлати Лаҳистон гӯё аз “ҳақиқати олам” ҷор мезанад, принсипи журналистиро пушти по зада, ҳамеша сиёҳро сафед ва сафедро сиёҳ гуфтан барояш одати муқарариаш шудааст. Дар бораи ВатанашТоҷикистон оиди одитарин ҳодисае, ки ҳеҷ аҳамияти расонаӣ шудан надорад, бо ҳарорат менависад, ба мувафақиятҳои рӯзафзуни халқи тоҷик бо сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати ботил мекашад, зеро бухлу ҳасад ва нотавонбинӣ домангири уст. Мисол меорем. Онҳое, ки каму беш ба олами сиёсат сару кор доранд, аз найрангҳои бархе аз кишварҳои манфиатҷӯй дар қиболи дастгириҳои онҳо ба мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон алалхусус роҳбарону пайравони ҳизби терористии наҳзати ислом хуб огоҳанд. Ва боз медонем, ки солҳо вақтҳои охир давлати Эрон ба мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва равобити байналмилалӣ рӯ ба рӯ буда, эътиқоди мардумаш нисбат ба давлат ру ба коҳиш дорад. Аммо “Ахбор-ком”-и Салимпур хомуш аст.

          Чанде пеш вобаста ба баланд рафтани нархи нафту сузишворӣ дар ин мамлакате, ки дорои захираҳои фаровони табии ин ганҷи табиат аст, норизогии мардум ба авҷи аъло расид, омма даст ба тазоҳурот ба муқобили давлат заданд, ки аксари расонаҳо аз ҷараёни рӯйдодҳои болозикр хабар доданд. Аммо Салимпур дар ин бора ҳарфе нагуфт ва гуфтанӣ ҳам нест  Чаро? Барои он, ки манфиати баъзе аз  сиёсатмадорони ғаразноки хориҷӣ нисбат ба Ватанаш барояш афзалтар аст. Ҳамин аст позитсия (мавқеъ)-и як нафар журналисти демократ, ки минбари баланди хабарии Фейсбукро ба минбари муғризонаи хеш табдил додааст.  

                                                                 Азиз Раҳимов ноҳияи Тоҷикобод.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code