Исломизми сиёсӣ ва бунёдгароии динӣ
Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи мушкилоти асосӣ ва хатаровар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри XXI мебошанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мубориза ба ин вабои асри XXI бояд муттаҳид гардад. Ҳамин нуқтаи хеле муҳим дар паёмҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такрор хотирнишон мегардад. Дар асари илмии Пешвои миллат таҳти унвони «Эмоми Аъзам: рӯзгор, осор ва афкор» таърихи пайдоиши аввалин равияву ҷараёнҳои ифротӣ дар ислом хеле муфассал мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Баъзе рӯйдодҳои таърихи навини Тоҷикистон шоҳиди он аст, ки равияҳои динӣ-ифротгароӣ ҳеҷ гоҳ аз нақшаҳои худ даст намекашанд ва барои амалӣ сохтани амалҳои нопоки худ аз ҳар роҳу восита истифода менамоянд. Равияҳои гуногуни ифротгаро ба монанди «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ансоруллоҳ» ва ғайраҳо солҳои охир баъди Истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар ин кишвар густариш дода бо роҳи амалҳои ифрогароёнаву терористӣ дар фикри тағйир додани ҳокимияти конститутсионӣ ҳастанд. Барои пайравони ин равияҳои ифротгаро мафҳуми худшиносӣ, миллат, Ватан ва сулҳу амният ва субботу осоиштагӣ ҳеҷ гуна арзише надоранд, онҳоро таассуби диннӣ, ҳирси ҳокимият ва ба даст овардани молу сарват аз ҳама чизи муқаддас бегона карда аст. 22-сентябри соли 2015 ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвогии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкилоти терористи, экстремистӣ эътироф намудани ТЭТ ҲНИТ қатъи фаъолият ва барҳам додани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. 29-уми сентябри соли 2015 бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Прокурори генералӣ қонеъ карда шуда, фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар қаламрави Тоҷикистон расман террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуд. Моҳи октябри соли 2017 сохтори минтақавии зиддӣ терористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай тасдиқ кард, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро ба феҳристи ташкилотҳои терористӣ ворид кардааст. Ташкилоти мазкур рӯзи 28-уми июли соли 2017 бо нашри изҳороте гуфт, ки ТЭТ ҲНИТ дар қатори беш аз 100 созмони терроистиву ҷудоихоҳ ва ифротгаро ворид шуда ҳамчун созмони ифротиву терористӣ эътироф гардидааст. Айни ҳол ин ҳизби мамнуъи терористӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон таблиғоти густурдаро алайҳи ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст ва тавассути интернет ва дигар расонаҳои иттилоотӣ кӯшиш менамояд, ки зеҳнҳоро мағзшуӣ намояд. Тоҷикистониён сабақҳои таҳаввулоти сиёсии солҳои навадуми асри гузаштаро фаромӯш намекунанд ва намегузоранд, ки ташкилоти таназзулшудаи –ТЭТ ҲНИТ сулҳу амонӣ, ваҳдати миллро халалдор намояд. Мубориза бо ифротгароию терроризм танҳо вазифаи як давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, балки вазифаи аҳли ҷомеа ва афроди худшиносу миллатпарвар мебошад. Агар ҳамаи аҳли ҷомеа азми қавии решакан кардани ин зуҳуроти номатлубро дошта бошанд, ҳамагон бояд дар атрофи сиёсати мудаббирона ва созандаи Пешвои миллат муттаҳид гардида, дастаҷамъона бо равияҳои ифротгароию терористӣ мубориза баранд.
Дар охир бояд қайд намуд, ки танҳо иттиҳоди мустаҳками тамоми кишварҳои ҷаҳон ва афроди ватандӯсту ҳушёр чи дар арсаи ҷаҳон ва чи дар кишвари алоҳида метавонанд садди роҳи вабои қарни XXI гардида башариятро аз падидаҳои ифротгароию терроризми байналмилалӣ наҷот диҳад.
Мушовири шуъбаи маорифи н Тоҷикобод:
Суҳроби Раҳмоналӣ