Дар доираи чорабиниҳо вобаста ба омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ яъне интихоботи дар пеш истода тибқи нақшаи кории Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳияи Тоҷикобод вохурии гуруҳи корӣ бо намояндагони мақомоти иҷроия, мақомотҳои қудратӣ, Раисони ҷамоатҳо, эмомхатибон, занону ҷавонони фаъоли ноҳия ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.
Дар вохурии мазкур коршиноси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Миралиев, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзам Шарипов, корманди Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафархуҷа Раҳимов атрофи мақсаду моҳияти ин чорабинии сиёсӣ, тарзи баргузорӣ, роҳ надодан ба хатогиҳои ҷиддӣ дар ҳавзаҳо инчунин интихоби дурусти номзадҳои арзанда суҳбати судманд анҷом доданд.
Қайд гардид, ки тибқи фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-марти соли 2020 ва 27 марти соли 2020 дар кишвар интихобот баргузор мегардад. Фармони мазкур «Дар бораи таъйин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ном дорад.
Дар он гуфта мешавад, ки мутобиқи моддаи 69-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 27-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 23-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо 1 марти соли 2020 ва интихоботи даъвати нави аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 марти соли 2020 таъйин карда шавад.
Аз ин рӯ баҳри дар сатҳи баланд ва сазовор гузаронидани ин маъракаҳои муҳими сиёсӣ таёрии пешакӣ ва доштани маълумоти зарурӣ муҳим арзёбӣ гардид.