Маҷлиси ҷаъмбасти рушди иҷтимоӣ-иқтисодии ноҳияи Тоҷикобод
Дар шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти рушди иҷтимоӣ – иқтисодии ноҳия дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 баргузор гардид. Дар кори маҷлис намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурӣ, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тоҷиктрансгаз» Хол Карим Иброҳим ва муовини ӯ Аҳмад Идизода, раиси ноҳия Маҳмадшозода Ҳамидулло, муовинон, роҳбарони ташкилоту муассиса ва дигар фаъолону собиқадорони меҳнат иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини раиси ноҳия Рамазонзода Зулфиқор доир ба ҷамъбасти рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва вазифаҳо барои соли 2020 баромад намуд. Қайд гардид, ки мардуми шарафманди ноҳия соли 2019-ро бо азму иродаи қавӣ ва заҳмати созандаю бунёдкорона ҷаъмбаст намуда, дар партави ҳидоятҳо ва иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор дастовардҳои меҳнатӣ ноил гардиданд. Зикр шуд, ки нақшаи қисми даромадии буҷети маҳаллии ноҳия аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба андозаи 98,8 фоиз ба маблағи 26 млн.872,2 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби буҷети маҳаллии ноҳия 101,8 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 6 млн.037,9 сомонии ба нақша гирифташуда, ба буҷети маҳаллӣ 6 млн.144,4 ҳазор сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақшаи пешбинишуда ба маблағи 107,5 ҳазоро сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз зиёд мебошад. Нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳалли ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ба андозаи 95,4 фоиз иҷро карда шуд. Дар соли 2019 иҷроиши нақшаи воридоти андозҳо ба буҷети маҳаллӣ ба андозаи 101,8 фоиз таъмин карда шуд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроия бахшида ба ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти адвлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 69 иншоотҳои хурду бузург ба нақша гирифта шуда, дар ин самт корҳо идома доранд. Дар соли 2019 сохтмони 18 иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла бинои дуошёнаи шабакаи барқ, бинои маъмурии суди ноҳия, бинои нави дуошёнаи кӯдакистон, майдони Нишон ва Парчами миллӣ, мумфарш ва чароғонкунии роҳҳои маркази ноҳия, маркази бонувон ва дигар иншоотҳои муҳим ба шумор мераванд, ки бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд. Инчунин дар ин муддат якчанд иншоотҳои нави дигар аз ҷумла таъмири роҳҳои байни деҳот, кашидани хати оби нӯшокӣ, таъмиру барқарорсозии каналҳо, бунёди 6 майдончаи варзишӣ ва марказҳои тиҷоратӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар якчанд иншоотҳои ҷашнӣ аз қабили бинои шуъбаи фарҳанг, бинои замонавии кӯмаки аввалияи тиббӣ, сохтмони боғи фарҳангӣ фароғатии маркази ноҳия, инчунин дар якчанд синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 2, 7, 27,31, 42, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Дар маърӯзаи муовини раиси ноҳия Назризода Маҳмадтоир фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф тандурустӣ, фарҳанг ва рафти иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳлилу баррасӣ гардиданд. Зикр гардид, яке аз дастовардҳои соҳаи маориф ин зимни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷудо шудани 76 квота барои дохил шудани духтарон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ мебошад. Бо вуҷуди пешравӣ ва дастовардҳои соҳаҳо аз мушкилот низ зикр гардид, аз ҷумла норасоии омӯзгорон, ҳолати садамавии якчанд мактабҳои дурдаст, таъмирталаб будани компютерҳо дар муассисаҳо, ки баҳри ҳали он чораҳо андешида мешавад.
Дар баромади муовини раиси ноҳия Бахтиёри Ҳақназар рушди соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла расидан ба ҳадафи стратегии кишвар “Таъмини амнияти озуқаворӣ” ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум баррасӣ гардид. Тавре қайд намуданд дар соли 2019 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 1981 гектар зироатҳои ғаладонагӣ, 75 гектар зироати техникӣ, 1086 гектар картошка, 577 гектар сабзавот ва 7 гектар полезӣ кишт гузаронида аз он ҳосили дилхоҳ ба даст омадааст. Хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ бошад кишти зироатҳои кишоварзиро дар майдони 2257 гектар гузаронида ҳосили хуб ба даст оварданд. Дар соли 2019 нисбати соли 2018 кишти сабзавот 18 гектар ва картошка 5 гектар зиёд гузаронида шудааст. Хосили ба даст омада дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ аз ҷумла ғаладонагиҳо 4621тонна, картошка 24077 тонна, сабзавот 9878 тонна, полезӣ 83700 тонна, мева 4521 тонна, зағир 93 тонна расонида шуд, ки дар таъмини мардуми ноҳия бо маҳсулоти худӣ ва содироти он ба дигар шаҳру навоҳи кишвар саҳми муносиб гузоштанд.
Сипас Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо фаъолияти соҳаҳоро дар соли 2019 таҳлил намуда, аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки бо вуҷуди кам мондани муҳлат то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баъзе иншоотҳо ҳанӯз корҳои сохтмонӣ оғоз нагардидаанд. Дар ин радиф метавон якчанд иншоотро ном бурд, аз ҷумла бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №1, сохтмони бинои шуъбаи маорифи ноҳия, ки маблағгузори ин иншоотҳо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, бинои нави беморхонаи маказии ноҳия, ки маблағгузор Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бунёди коргоҳи истеҳсоли макарон дар шаҳраки Тоҷикобод аз ҳисоби Агентии захираҳои моддӣ давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани сокинони ноҳия бо оби тозаи нӯшиданӣ, аз ҳисоби КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ”, Вазорати молия, ва МИМҲД-и ноҳияи Тоҷикобод, ки аз иншоотҳои ҷашнӣ буда, сохтмони онҳо ҳанӯз ҳам оғоз нагардидааст. Раиси ноҳия дар ҷаъмбасти суҳбати худ барои меҳнати софдилона ва поквиҷдонона намудан ва роҳ надодан ба камбудиву норасогиҳо дар соли 2020 ба масъулин супоришҳои қатъӣ доданд.
Дар ҷамъбаст намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Хол Карим Иброҳим қайд намуд, ки мардуми ноҳияи Тоҷикобод дар татбиқи корҳои созандагӣ саҳми назаррас дошта, бовар дорем, ки баҳри иҷроиши дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастҷамъона заҳмат кашида аз уҳдаи корҳои ба зиммаашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд.