Худшиносии араб ва арабпарастии тоҷик

 Дар ҳақиқат ҳар як инсони боимон ва беғараз бояд ифтихор намояд, ки дар тули солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чи қадар дигаргуниҳои куллӣ бобати ба эътидол овардани вазъи сиёсию иқтисодии мамлакат, дарёфт намудани роҳҳои рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ба амал омадааст.

         Имрӯзҳо агар ба тамаддуни Араб назар афканем, мебинем, ки дар самти худшиносӣ арабҳо кори зиёдеро анҷом додаанд ва кӯшиш намудаанд, ки тамаддун ва урфу одати худро низ ба дигар миллатҳо омузонанд ва паҳн намоянд. Махсусан мардуми мо имрӯзҳо ба тарзи либоспушии мардуми араб ки ба воситаи кинофилмҳои турки хуб тарғиб мегардад тақлид намуда истодаанд. Аз он ғофиланд, ки  беҳтарин либоси исломӣ ва ҷавобгӯ ба ҳама аҳкоми шариъат ин либоси миллии мо мебошад.

          Дар ин ҷо лозим медонем, ки дар бораи ҳуввияти миллӣ ва худшиносии миллӣ чанд сухане гуфта бошем. Ҳуввият, асолат ва худшиноси дар адабиёт ва фарҳанги омма бахше аз намоди эътиқоди ин дини мардум аст. Ин ҳамаро наметавон аз ҳам ҷудо тасаввур кард, зеро пайванди ҳамдигар ҳастанд. Дар фарҳанги омма онҳо нақши равшане доранд, ки аз руҳоният ва маънавияти мардум моя мегиранд. Эътибор ва арзиши вижаи мавзӯи мазкур дар адабиёти шифоҳӣ он аст, ки моро ба рӯйдодҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии миллат ошно месозад. Таронаҳои дар ин мавзӯъ сурудашуда бозтоби воқеаҳои дури иҷтимоӣ, сиёсӣ ва таърихии як халқ мебошад. Бахусус дар ин таронаҳо рӯҳу қудрати ҳуввият, нангу номус дар ҳаёти миллӣ бештар тавсиф меёбад. Мардум ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонист ва намехост, ки дар фарозу фурудҳои таърихӣ, шикасту рехтҳои иҷтимоиву сиёсӣ, таҳоҷуми бегонагон асли худро ба фаромушӣ супорад ва аз он рӯй бигардонад. Худшиносии миллӣ ва эътиқоди зиреҳи мухолифатӣ дар пайкари омма буда, ҳеҷ шамшере натавонист онро пора кунад ё бишканад. Адабиёти омма ин рӯҳро ҳамеша бедору ҳушёр нигоҳ медошт ва медорад. Ҳамин ангеза буда, ки омма аз ҳар туфоне, ҳаводисе, таҳоҷуме метавонист худро ҳифз куна два аз асли худ бегона нашавад. Адабиёти шифоҳи мисли як муъҷиза ё худ балогардон дар зиндагии маънавӣ ва рӯҳонии омма ҳамеша ҳузури худро ҳифз кардааст. Ҳамин адабиёт аст, ки бо давои мумиёии худ ҳар бор  пайкари шикастаи фарҳанги миллиро шифо мебахшад ва дубора эҳё месозад. Ин аст, ки худшиносии миллиро дар адабиёти шифоҳӣ бар мабнои фарҳанги миллӣ дар робита ба расму оинҳо мешавад баррасӣ кард. Худшиносӣ, яъне эҳтироми бечунучаро ба расму оинҳои миллӣ ва мардумист. Ҳар кас, ки бо омма зиндагӣ мекунад, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад расму оини мардумиро аз худ канор бизанад, зеро он як рукни зиндагӣ ба шумор меояд. Инкори расму оинҳо инкор кардани ҳуввияти миллӣ, асолат ва худшиносӣ аст. Дар адабиёти шифоҳии тоҷик ҳуввиятро дар чанд бахш метавон тақсимбандӣ кард: ҳуввияти миллӣ, таърихӣ, эътиқодӣ, иҷтимоӣ ватандӯстӣ ва фарҳангӣ (расму оинҳо). Ҳуввияти таърихӣ ва миллӣ дар адабиёти шифоҳии тоҷик баёнгари мубориза, қиёмҳо ва талошҳои омма барои ҳифзи марзу бум ва орзӯю омоли онҳост. Қиссаву достон, зарбулмасал ва сурудаҳои зиёде мавҷуд аст, ки аз ҳуввияти таърихии мардуми тоҷик ҳикоя мекунад. Яке аз чунин таронаҳои машҳур, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад, дар мавриди лашкар кашидани Ибни Қутайба ба Хатлон мебошад. Сарлашкари араб дар Хатлон аз дасти мардуми маҳаллӣ шикаст мехурад ва ақиб менишинад. Ин таронаро ба ин муносибат дар ҳаққи ӯ мехонанд:

         Аз Хуталон омадия,

         Ба рӯ табоҳ омадия,

         Зору низор омадия,

         Овор боз омадия

        Дар зимн силсилатаронаҳои овозадори шифоҳии мардум, к ибо ҳуввияти таърихӣ ва миллии мардуми тоҷик сахт робита дорад, дар васфи Восеъ мебошад. Восеъ яке аз қаҳрамонони мардуми тоҷик аст, ки алайҳи зулми ҳукумати Бухоро ба қиём бархост. Агарчи дар ин қиём шикаст хурд, вале шавқу дӯст доштани омма ӯро маҳбуби умум кард. Дар васфи қаҳрамонӣ ва ҷавонмардии ӯ дар адабиёти шифоҳӣ таронаҳо суруда шудааст, ки то кунун дар ёди мардум зинда мебошанд:

         Восеъ ғазост имрӯз,

         Ҷон мубталост имрӯз.

         Ғавғои рӯзи маҳшар,

         Бар фуқарост имрӯз.

        Ҳуввияти Ватан, ватандорӣ ватандӯстӣ, ватанхоҳӣ, ватансолорӣ дар адабиёти шифоҳии тоҷик фаровон ба кор рафтаанд. Ишқ, муҳаббат, дӯст доштани Ватан дар фитрати мардуми тоҷик бо обу гили он аз азал сиришта шудааст. Марди тоҷик тибқи одат ва суннати ниёкон ба ҳар куҷое сафар кунад як каф аз хоки Ватанро бо худ мегирад. Дар сӯрати бозгаштан аз сафарҳои дароз низ аввалин амале, ки мекард ба зонӯ зада хоки ватанашро мебӯсид… Сад кӯ биравам, назар ба як дашт кунам, Сад чашмаи оби Ватанам гашт кунам. Сад чашмаи оби Ватанам пасту баланд, Хокаш ҳама тӯтиёву обаш ҳама қанд. Хуввияти фарҳангӣ дар расму оинҳои мардум ва дар ин силсила таронаҳо ба таври боризе ба чашм мехурад, ки саршор аз тасвирҳои зиндагии омма мебошад. Дар фазо ва ҳавои ин таронаҳо халқи тоҷик зебоии маънавӣ ва расму оинҳои миллии худро дар рангҳои гӯногӯн намоиш медиҳад. Махсусан дар расму оинҳои мардумӣ аз қабилӣ гаҳворабандон, арӯсӣ, алла, номгӯзорон инчунин дар истиқболи идҳои миллии худ аз ҷумла Наврӯз ҳуввияти фарҳангии халқи тоҷик васеъ ва густурда тасвир ёфтааст.

         Ман рӯи туро бинаму Наврӯз кеунам,

         Шавро ба сари санги сияҳ рӯз кунам.

         Шавам ба сари санги сияҳ рӯз нашуд,

         Ҷонакма фидои ёри дилсӯз кунам.

        Бидуни ҳуввият, эътиқод, боварҳо, асолат ва худогоҳии миллӣ, адабиёти шифоҳӣ ноқис аст ва он дархури ҳеҷ дарде наметавонад бошад. Аз ин лиҳоз ин се мавзӯъ дар адабиёти шифоҳӣ дорои маърифати хоси худ буда, инсонро дар рӯҳияи муҳаббат, бедорӣ, ҳушёрӣ, худшиносӣ тарбият мекунад ва хоҳад кард. Амалишавии ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зина ба зина ҳал гардидани дигар мушкилоти мавҷудаи сокинони малакат ва рӯз аз рӯз ободу зебо гардидани минтақаҳои гӯногӯни давлати тоҷиконро танҳо душманони дохилию хориҷии кишвари мо нодида гирифтанашон мумкин аст. Ҳамчун шоҳиди бевоситаи воқеаҳои солҳои 90-уми асри гузашта суханони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро бобати он ки дар он солҳои барои мардуми тоҷик даҳшатбор хатари аз байн рафтани давлат вуҷуд дошту имкониятҳои молиявии мамлакат хело ночиз буданд, пурра тасдиқ менамоям. Танҳо тавассути сиёсати оқилонаи пешгирифтаи Роҳбари тозаинтихоби кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Иҷлосияи тақдирсози XVI-умиШурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Шурои Олии мамлакат интихоб гардида буд ва хиради азалии мардуми тоҷик дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои ороми сиёсӣ барқарор гардида, пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ, ки он низ чуноне Президент борҳо таъкид намуданд, таҳмилӣ буд, гирифта шуд. Беҳуда нест, ки сарвари давлати мо ҳамеша ба масъалаҳои худшиносӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҳар фарди ҷомеа, тарбияи кадрҳои бомасъулияту лаёқатнок эътибори махсус доданро таъкид менамоянд, зеро равандҳои ҷаҳонишавӣ ҳар яки моро ба имтиҳонҳои ҷиддии ҳаёт рӯ ба рӯ карданаш мумкин аст. Дар ҳоле, ки мардуми мо аз раванди корҳои ободониву созандагии дар кишвар амалишудаистода бештар воқиф мегарданд, сиёсати пешгирифтаи дохилию хориҷии давлату ҳукуматро дуруст дарк мекунанд, ба ҳодисаҳои дар манотиқи гуногуни ҷаҳон бавуқуъомадаистода дурандешона баҳо медиҳанд ва баҳри рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ватани хеш бевосита саҳмгузор мешаванд, оромии комили сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар таъмин хоҳад гардид. Сардори давлат бори дигар таваҷҷӯҳи сокинони ҷумҳуриро ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, роҳнадодан ба тамоми зуҳуроти зиёдаравиҳо ва исрофкориҳо ҳангоми гузаронидани туйу маросимҳо ҷалб намуда, ба кулли мардуми кишвар тавсия доданд, ки ба ҷои хароҷотҳои бесамар ба беҳтар намудани шароити зисту зиндагонии оилаи худ, тарбияи фарзандон, бунёд намудани хонаҳои истиқоматии замонавӣ ва харидории асбобу ашёи зарурии рӯзғор эътибор диҳанд.

         Ин насиҳати падарона ва дурбинонаи Сарвари давлат ба куллан беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст, аз ин лиҳоз ҳамаи моро зарур аст, ки ҳарчи зуддтар аз паи амалигардонии он шавем. Дар маҷмӯъ насиҳатҳои падарона ва дурбинонаи Сарвари давлат ба куллан беҳтаршавии сатҳи зиндагии мардум нигаронида шудааст ва ҳар як сокини кишварро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузоранд. Нагузорем, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо занад.  

                               Шоев Ҳисом Директори МТУ №35 н.Точикобод

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code