Мақомоти иҷроияи  маҳаллии  ҳокимияти давлатии ноҳияи  Тоҷикобод  барои  ишғоли мансабҳои холии  маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд.

                             Дастгоҳи раиси ноҳия

  1. Сармутахассиси бахши умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси ноҳия 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ.
  2. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;                                              Бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия
  1. Мутахассиси пешбари бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;
  2. Мутахассиси пешбари бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;
  3. Мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;
  4. Мутахассиси бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод, – 1 ҷой, маоши мансабӣ 630,00 сомонӣ.

          Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия

  1. Сармутахассис (сарагроном)-и шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ.

                              Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот

  1. Сармутахассис (муҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ;
  2. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;
  3. Мутахассиси пешбар  (омор)-и Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби Об – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;
  4. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;
  5. Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти ба номи М.Шогадоев – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ;
  6. Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ;
  7. Сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Ширинчашма оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ;
  8. Сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Нӯшор оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросим – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ;
  9. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Нӯшор (нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;
  10. Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти Нӯшор (оид ба САҲШ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ 768,00 сомонӣ;
  11. Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и ҷамоати деҳоти Лангари Шоҳ – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936,00 сомонӣ;

          Довталабоне, ки мақсади иштирок дар озмун барои  ишғоли мансабҳои холии  маъмурии хизмати давлатӣ доранд,   ҳуҷҷатҳои  зеринро ба хадамоти  кадрии дастгоҳи раиси ноҳия  ё комиссияи  озмунӣ  пешниҳод намоянд:

  1. Ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ.
  2. Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6).
  3. Тарҷумаи ҳол.
  4. Нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот.
  5. Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки собиқаи меҳнатӣ надорад).
  6. Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 086 УЕ.
  7. Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда.
  8. Маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия).
  9. Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
  10. Нусхаи шиноснома.

  Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис   – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; – 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; – малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, малакаи кор бо компютер.   Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар ва нозири мизи бақайдгирии ҳарбӣ   – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, малакаи кор бо компютер.   Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис   – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.     Қабули ҳуҷҷатҳо то 22 феврали соли 2020   Эзоҳ: иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.     Суроға: шаҳраки Тоҷикобод,  кӯчаи  Исмоили  Сомонӣ – 13, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод   8(3154) 2-14-10                          8(3154)2-14-10  

             Иҷрокунанда: Масъули хадамоти кадрии дастоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод     

                                                                                             Муҳаммадалии И

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code