МУЛОҚОТИ ЗОКИРЗОДА МАҲМАДТОИР БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
Дар доираи чорабиниҳо ва вохуриҳои пешазинтихоботӣ дар ноҳияҳои водии Рашт мулоқотҳои номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рашт, №12, Маҳмадтоир Зокирзода бо интихобкунандагон баргузор гардиданд.
Чунин мулоқоти пешазинтихоботии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода дар ноҳияи Тоҷикобод доир гардид. Мулоқотро раиси комиссияи интихоботии ҳавзаи якмандатаи Рашт, №12 Муллоҷон Аҳмадов оғоз намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки мо бояд дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон бо дарки баланди масъулиятшиносӣ иштирок намоем. Зеро ҳар як шаҳрванд бо истифода аз ҳуқуқҳои конститутсионии хеш вакилони арзандаи худро ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат барои панҷ соли оянда интихоб менамояд.
Сипас, шахси боваринок аз ноҳия Баҳодур Абдусатторов доир ба ҳаёту фаъолият ва хизматҳои шоёни Маҳмадтоир Зокирзода ба таври муфассал баромад намуд. Зимни муаррифӣ аз ҷумла қайд карда шуд, ки саҳми Маҳмадтоир Зокирзода зимни фаъолияти меҳнатиаш дар вазифаҳои пурмасъули давлатӣ дар ободонию рушди ноҳия назаррас буда, номбурда ҳамчун ходими давлатию ҷамъиятӣ дар татбиқи сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои шоён намудааст. Дар назди ҳозирин номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рашт, №12, Маҳмадтоир Зокирзода барномаи пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуд. Барномаи номзад доир ба ҳадафҳои барномавӣ таҳти шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоиста” тарҳрезӣ шуда, он самтҳои гуногуни хоҷагии халқро дарбар мегирифт. Аз ҷумла мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ ҷиҳати рушди маҳсулоти кишоварзӣ, истифода аз захираҳои энергетикии кӯҳистони навоҳӣ, рушди инфрасохтор дар деҳот, дастрасии бештари аҳолӣ ба кӯмаки аввалияи тиббӣ, ислоҳот дар соҳаи маорифу фарҳанг, тарғибу рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҳадафҳои умдатарини барнома ба шумор мераванд. Аз барномаи номзад айён гардид, ки ҳадафҳои он асосан ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони манотиқи аҳолии кӯҳистон нигаронида шудаанд. Аз аҳли нишаст чанд нафар фаъолону собиқадорони меҳнат, намояндагони ҷавонон ва бонувон ҳамовозии худро аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ изҳор намуда, ҳамзамон зикр намуданд, ки дар интихоботи дарпешистода фаъолона иштирок менамоянд.
Чунин мулоқотҳои дигари номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Рашт, №12, Маҳмадтоир Зокирзода бо сокинони ноҳияҳои Сангвор, Лахш, Рашт ва Нуробод дар сатҳи баланд ва хотирмон доир гардиданд.