Фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар – Алла» дар Тоҷикобод
Бахшида ба Рӯзи Модар ва солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳияи Тоҷикобод дар доираи фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар-Алла» озмуни суруди алла доир гардид. Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо доир ба ҳадафҳои чорабинӣ, рушди истеъдодҳои ҷавон ва ҳарчи бештар баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию адабӣ дар байни насли ҷавон дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.
Озмуни «Суруди Модар-Алла» бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардида, сарояндаҳои наврасу ҷавон бо иҷрои суруди алла ва рақсу таронаҳои мардумӣ дар назди ҳозирин ҳунарнамоӣ намуданд.
Чорабинӣ бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ҷиҳати баланд бардоштани худшиносиву худогоҳии ҷавонон ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ташкил карда шудааст. Ҳамчунин ҳадаф аз баргузории чорабинӣ дар ниҳоди ҷавонон бедор намудани ифтихори миллӣ. эҳтирому садоқат ба Ватан ва тарғиби фарҳангу тамадуни куҳанбунёди тоҷик мебошад.
Мақсади чорабиниро масъулин аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд дарёфт намудан соҳибистеъдодон ва чеҳраҳои нав арзёбӣ намуданд. Дар озмун хонандагону ҷавонони соҳибистеъдод – ҳофизони ҷавон, инчунин тамоми табақаҳои ҷомеа ва касбу кори гуногун аз синни 14 то 30 сола иштирок намуданд.
Дар фароварди озмун ғолибон муайян гардида, бо ифтихорномаҳои мақомоти иҷроия ва бахши ҷавонон сарфароз гардонида шуданд. Аз байни иштирокчиёни даври аввали фестивали ҷумҳуриявии «Суруди Модар-Алла» аз ноҳияи Тоҷикобод ду нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.