ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ ОЛӢ ҶАРАЁН МЕГИРАД  

          Субҳи барвақт аз соати 6.00 дар ҳамаи  участкаҳои интихоботии ноҳияи Тоҷикобод маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардид. Дар 40 ҳавза ва 33 участакаҳои  интихоботии ноҳия барои овоздиҳӣ тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё гардида, мардум, пиру ҷавон бо рӯҳияи идона барои овоздиҳи ба участкаҳои интихоботӣ омаданд.

          Тибқи иттилои раиси Комиссияи ноҳиявӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Исҳоқ Ғафуров тамоми чорабиниҳои пешазинтихоботӣ  оид ба пешбарӣ ва ба қайдгирии  номзадҳо, мулоқоти номзадон ба вакилии Маҷлиси намояндагон тибқи талаботи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи вакилон  дар сатҳи баланд гузаронида шуданд.

 

         Бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва риояи қонуну меъёрҳои амалкунанда гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар ноҳияи Тоҷикобод тадбирҳои мушаххас андешида шуда, дар участкаҳои овоздиҳӣ дастурамалу низомномаҳо, раҳнамо, нақшаи чорабинии тақвимӣ омода ва дастраси шаҳрвандону сохторҳои низоми интихоботӣ гардонда шуда аст.

 

          Тавре мушоҳида гардид, ҷараёни  интихобот ба таври шаффофу демократӣ ҷараён гирифт. Дар ин рӯзи муҳим бархе аз  ҷавононе, ки аввалин бор ба интихобот омадаанд, эҳсоси ифтихороти худро дар назди издиҳом ва воситаҳои ахбори умум баён намуданд.

  

          Интихобот дар ноҳия дар сатҳи баланд ва тибқи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлисҳои намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ» баргузор гардид.

             

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code