Интихоботе, ки гузашт тақаллуб надошт, ё «Ҳофиз манаму бародарам мехонад»
Инак, шашумин интихоботи парламон дар таърихи соҳибихтиёрии кишвар баргузор гардид. Натиҷаҳои ин маъракаи сиёсӣ дар дохилу хориҷи кишвар дар доираҳои гуногун баррасӣ меёбанд. Яке, беғаразона баҳо медиҳад, дигари боғараз, воситаи сиёҳкунӣ меҷӯяд. Бахусус шабакаҳои интернетӣ, бархе блогерҳои тоҷик мавзӯи нав ёфтанд, ки таҳлилҳои бесару нӯги онҳо як «хулоса» доранд: Интихобот дар Тоҷикистон бо меъёрҳои демократӣ анҷом напазируфт, тақаллубкорӣ мушоҳида шуд, як нафар ба ҷои чанд кас овоз дод. Боз ҳамон дарди кӯҳна. Дар интихоботҳои гузашта ҳам ҳамин даъвоҳо аз ҷониби мухолифони Ҳукумат садо медоданд.
Ман ба дигар шаҳру ноҳияи кишвар кор надорам. Чаро ки фолбин нестам. Аз ноҳияи худ Тоҷикобод нақл мекунам, ки интихобот чи тавр гузашт, зери фишор, таадӣ, зӯроварӣ ё ихтиёран шаҳрвандон иродаи сиёсии хешро изҳор доштанд?
Мегӯянд «луқмаро каҷ бихой, аммо суханро рост бигӯй». Худо инсофатон диҳад, эй шореҳони даҳонатон бедарвоза. Ҳамдиёрони ман интихоботро шаффоф, озодона, бо хости дили худ баргузор намуданд, ба номзади дилхоҳ овоз доданд, киро хубтар мешинохтанд овоз доданд, киро намедонистанду намеписандиданд, болои ному насабаш хат кашиданд.
Зеро мардуми кӯҳистон на як бору дубор сабақи талхи «демократия бозӣ», ки мақсаду мароми саркардаҳои солҳои на он қадар дур дар асл демократия не, авомфиребӣ ва мансабу қудрат буд, чашидаанд ва дигар орзуи дигарбора баргаштан ба он рӯзҳои наҳсро надоранд.Ба ваъдаҳои бардурӯғи касе низ бовар надоранд. Ҳар кишваре набошад мушкилод низ дорад, аз ҷумла Тоҷикистон низ. Аммо дар мисоли ноҳияи дурдаст ва кӯҳистони Тоҷикобод, замони соҳибистиқлолии мамлакат он қадар дигаргуниҳое ба вуқуъ пайвастанд, ки даъвогарон марҳамат омада ба чашми сар бинанд.
Маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар доираи муқаррароти қонун баргузор гардиданд. Ҳар ки омад аз барномаи пешазинтихоботиаш ҳарф зад, аммо ҳамдиёрони хушбини ман гӯш ба сухани онҳое доданд, ки ҳақиқатро гуфтанд, корҳои анҷомдодаро бо ангушт як – як шуморидаву тавзеҳ доданд. Бисёрномзадӣ буд, ҳам дар сатҳи интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ва ҳам сатҳи вакилони мақомоти маҳаллӣ.
Субҳи 1 март мардум села- села ҷониби қитъаҳои овоздиҳӣ шитофтанд, бо садои суруду мусиқӣ, бо умедворӣ ба фардои аз ин ҳам дурахшонтари Ватани маҳбуб иродаи хешро баён доштанд.
Ва инак, натиҷаҳои интихоботро эълон карданд. Дар бюллетени овоздиҳӣ аз ҳавзаи якмандатии Рашт №12 номзадии панҷ нафар муддаиён сабт ёфта буд. Онҳо намояндагони касбу кори гуногунанд. Вале интихобкунандагон ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода овози бештар доданд. Ӯ 82 фоизи раъйи мусбии интихобкунандагони ноҳияи Тоҷикободро ба даст овард. Чаро? Барои он ки дар қиболи дигар номзадҳо ӯ шахсияти шинохта аст. Замони то номзадиаш ба ин диёр равуои зиёд дошт. Дасти ӯ дар ободкориҳои ноҳия расидааст.
Аз рӯи баргаҳои ҳизбҳои сиёсӣ ҲХДТ 51 фисади овозҳоро соҳиб гашт. Давраи пешазинтихоботӣ номзадҳои дигар Ҳизбҳои сиёсии дар кишвар амалкунанда низ ба ноҳия ташриф оварда буданд. Шояд дуруст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ буд, ки Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 18 фоиз овоз гирифт, Ҳизби аграрии Тоҷикитон 15 фоиз. Аммо ҳизбҳои боқимонда ками дар кам раъйи мусбии интихобкунандагонро соҳиб шуданд.
Доду ғиреви Муҳиддин Кабирӣ ва ҳамаслаконаш оиди тақаллубкорӣ дар интихобот асоси воқеӣ надорад. Баръакс, ҷонибдории бо ном «Паймони миллӣ» бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ ба Ҳизби сотсиал – демократии Тоҷикистон зарар овард. Шаҳрвандоне, ки каму беш ба ғояҳои ин ҳизб эътимод доштанд, аз тарафдориаш даст кашиданд.
Бояд мухолифини Ҳукумат, бахусус Муҳиддин Кабирӣ даст болои дил монда, ба хулосае оянд, ки имрӯз дар ҳақиқат дар дохили кишвар ҷонибдор надоранд. Вагарна, ман ба сифати масъули маъракаи интихобот софдилона изҳор медорам, ки рӯзи интихобот ягон қуввае садди роҳи интихобкунанда набуд, ки «ту биё, ба ҷонибдории Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон овоз надеҳ» гуфта бошад. Бовар кунед мардум (аксарият) дар ноҳия ин ҳизбро намешиносад, чи расад ба барнома ва аҳдофи он.
Ҷавонмард будан лозим, эътироф кардан лозим, ки оммаи васеи мардум майл ҷониби мухолифон дигар надоранд. Тақдири хешро бо дасти худ менависанд, имрӯз ҳам фардо ҳам.
Лутфулло Шифоев, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод