Интихобот дар сатҳи баланд гузашт.
Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4- декабри соли 2019 дар мамлакат интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин шуда буд.
Интихобот яке аз воқеаҳои муҳими сиёсӣ дар хаёти ҳар давлат ба шумор рафта, аз ҳар як шаҳрванди кишвар ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти баландро тақозо менамояд, зеро ҳуқуқи интихоботӣ ин ҳуқуқи сиёсӣ- конститутсионии ҳар як шаҳрванд аст.
Дар ноҳияи мо низ ин маъракаи муҳим дар сатҳи хеле баланд гузашт. Комиссияи ноҳиявии интихобот аз рӯзҳои аввали ташкил шуданаш корро дар асоси нақшаи корӣ ва қонуну низомномаҳо ва дастурҳои лозимаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда , интихоботро дар сатҳи баланд ҷамъбаст намуд.
Ҳамаи аъзоёни участкаҳои интихоботӣ аз ҳисоби шахсиятҳои шинохта, намояндагони хизбхои сиёсӣ,омузгорон, табибон, ва дигар гуруҳҳои пешқадами аҳолӣ иборат буданд ва тавонистанд, ки дар давраи пешазинтихоботӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотиро дар байни мардум дуруст ба роҳ монданд. Ҳукумати маҳал низ барои интихобот биноҳои хубу муҷаҳҳазро ҷудо намуда, ҳамаи шароитхоро барои гузаштани интихобот омода намуданд. Масалан 21 участкаи интихоботии ноҳия дар муассисаҳои таълимии ноҳия ҷойгир шуда буданд аъзоёни учаскаҳо дар ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронидани интихоботи навбатӣ саҳми сазовор гузоштанд. Пешбарии номзадҳо низ дар доираи қонунҳои амлкунандаи кишвар ба роҳ монда шуда буд ва барои ҳар як мандати вакилӣ аз 3 то 5 нафарӣ номзадҳо ба қайд гирифта шуда буданд. Барои номзадҳо аз ҳамаи хизбҳои сиёсӣ имконияти баробари бурдани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ фароҳам оварда шуда буд. Аз ҳама муҳимаш аҳолии ноҳия ба ин масъалаи муҳим бо як назари нек бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ муносибат намуданд. Шояд ҳамон таъкиди Асосгузори сулҳ ва ваҳдати милли- пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26- декабри соли 2019, ки гуфта буд: “ Ба шумо – шаҳрвандони азизи мамлакат муроҷиат мекунам, ки ҳангоми баргузории интихоботи навбатӣ , аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ сар карда, то вакилони ҷамоатҳо бо дарки баланди масъулият намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоед” таъсири худро расонд ва шахрвандон бо дарки баланди масъулият намояндагони худро интихоб карданд.
Дар ҳақикат рӯзи интихобот ҳам инро нишон дод. Мардум гурӯҳ -гурӯҳ аз субҳи содиқ ба тарафи участкаҳои интихоботӣ меомаданд ва овозҳои худро ба тарафдории номзадҳои арзанда медоданд. Дар руҳияи онҳо як ҳисси хурсандӣ, болидахотирӣ, умед ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз ҳувайдо буд. Натиҷаҳои интихобот хурсандибахш буда, номзадҳои арзанда ба вакилӣ интихоб гардиданд. Интихоботи имсола бори дигар нодуруст будани фикру андешаҳое, ки дар расонаҳои хабарии беруна нисбати интихобот дар Тоҷикистон садо дода буданд , исбот кард, зеро он дар сатҳи хеле баланд шаффоф ва таври демократӣ сурат гирифт.
Як ҷиҳати дигар интихоботи имсоларо кайд карданием. Дар расонаҳои хабарии беруна гуфта мешуд, ки хизбҳои сиёсӣ имконияти баробари интихоботӣ надоранд ва овози ками интихобкунандагонро дар зери фишор ба даст меоранд. Аммо интихоботи имсола нишон дод, ки ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар интихобот бо ба даст овардани 4 тогӣ ҷой дар Маҷлиси намояндагон назар ба солҳои гузашта пешравӣ карданд. Ҳизби демократии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ дар парлумони кишвар як вакилӣ доранд. Ин бори дигар аз имконияти баробари ҳизбҳои сиёсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад.
Ҳ Сироҷов – Сармутахассиси шӯъбаи маорифи ноҳия