Таҷлили иди Наврӯз           

         Сокинони ноҳияи Тоҷикобод бо шукргузори аз сулҳу ваҳдати миллӣ ҷашни Наврӯзи хуҷастапайро  бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд. Дар тантанаҳои Наврӯзӣ  Раиси кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимчон Маҳмадҷонов, Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо иштирок ва суханронӣ намуданд.

          Аз субҳи барвакт пиру барно дар маркази ноҳия, ки ҷои баргузории чорабиниҳо маҳсуб меёбад бо либосҳои идона ҷамъ омада буданд. Зеро арҷгузорӣ ба ин ҷашни миллӣ, эҳтиром ба расму русуми гузашта мебошад. Наврӯз иди аҷдодони гузаштаи мо, оғози рӯзу моҳу соли нав, нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат, мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ мондааст.

 

          Лозим ба ёдоварист, ки ҳамасола ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Тоҷикобод  бо баргузории чорабиниҳои идонаи фарҳангию оммавӣ ва варзишӣ, аз ҷумла мусобиқаҳои вазнбардорию шоҳмотбозӣ ва гуштингирию намоиши маҳсулроти ҳунармандон дар сатҳи баланд  баргузор мегардад.

   

          Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои аҳли заҳмат, ки ба ин муносибат ороста гардида буд, дар атрофи дастурхони ҳафт сину ҳафт шин ва анвои гуногуни ширинию таомҳои миллӣ сарояндагону мутрибони мардумӣ ҳунари худро намоиш дода, бо ин амали хеш шодию хурсандии худро аз омадани фасли баҳор дар ин гӯшаи кӯҳистони диёр ифшо менамуданд.

   

          Сипас дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳия ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз баргузор гардид. Мардуми ҷамъомадаро роҳбарияти ноҳия ба фарорасии ҷашни Наврӯзи хуҷастапай шодбош намуда, аз ҷумла зикр намуданд, ки  имрӯзҳо мардуми заҳматқарини ноҳияи Тоҷикобод баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дастаҷамъомана талош меварзанд. Дар ин рӯзҳои баҳорӣ мардуми ноҳия ба шинондани ниҳолҳо, тозаю озода намудани маҳалли зисти худ, инчунин омодагӣ гирифтан ба кишти маҳсулотҳои гуногуни хоҷагии халқ аҳлона заҳмат мекашанд. Иди Наврӯз дар ноҳияи Тоҷикобод бо урфу одатҳои неки халқи тоҷик  дар рӯҳияи  дустию рафоқат, ва иродаи  сулҳу осоиштагӣ, ки аз суннатҳои аҷдодӣ мебошанд, хеле рангину ҷолиб доир гардид.

 

            

         Намоиши идона ва базми Наврӯзӣ дар Кохи фарҳанги ноҳия хеле шавқовар баргузор гардид, ки тамошобинон аз ин маъракаи фарҳанги як ҷаҳон таасурот бардоштанд. Дар поёни чорабинӣ ба як қатор собиқадорони меҳнати ноҳия аз тарафи мақомоти иҷроия ифтихорнома ва тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.

  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code