Баргузории мусобиқаи гуштингирӣ
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар Варзишгоҳи марказии ноҳия бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ маъракаи гуштини миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо меҳмонон аз маркази ҷумҳурӣ ва ноҳияҳои минтақаи Рашт ҳузур доштанд. Пеш аз оғози чорабинӣ Раиси ноҳия меҳмонон ва ҳозиринро ба муносибати Наврӯзи аҷам табрик ва муборакбод намуда ба як қатор собиқадорони гуштини миллӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Сипас гуштини миллӣ байни паҳлавонони ноҳияи Тоҷикобод ва ноҳияҳои минтақа аз ҷумла Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангвор инчунин паҳлавонон аз дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардид. Рафти гуштини миллӣ нишон дод, ки мардум бо руҳияи болида дар фазои сулҳу субот аз тамошои он лаззат бурда, паҳлавонон байни ҳам сабқати хуб нишон доданд. Ғолибон аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бо туҳфаҳои пуливу молӣ қадрдонӣ гардиданд.