СИТОДИ НОҲИЯВӢ ОИДИ ПЕШГИРИ АЗ КОРОНАВИРУСИ COVID-19
Тибқи супориши Сардори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба андешидани чораҳои иловагӣ вобаста ба пешгирии бемории коронавируси COVID-19 дар ноҳияи Точикобод маҷлиси ситоди ноҳиявӣ баргузор гардид.
Дар рафти он Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти коронавируси COVID-19 ба масъулин, супоришҳои қатъӣ доданд. Аз ҷумла қайд намудаанд, ки ин бемории марговар дар тамоми олам паҳн гардида, то ба диёри мо омада расидааст, ки ин ҳолат бояд ягон фарди ҷумҳуриро ором нагузорад ва мо низ чун дигар мардуми дунё бо истифода аз тамоми имконот дар баробари ин вабои аср истодагарӣ намуда, бо риояи бечунучарои қоидаҳои санитарӣ ва худмуҳофизатӣ худ ва дигаронро муҳофизат намоем. Дар рафти ситод қайд гардид, ки аз ин рӯз сар карда бо истифода аз маҳлулҳои безараргардонӣ барои поккорӣ кардани тамоми роҳу гулгаштҳо, даромадгоҳҳои ташкилоту муассиса, мағозаҳо ва дигар иншоотҳои ҳудуди ноҳия чораҳои зарурӣ андешида мешаванд
Тибқи супориш ҳамин гуна корҳои безараргардони дар корхонаю ташкилот ва муассисаҳо низ пайваста гузаронида мешаванд. Кормандони маркази профилактикӣ ва безараргардонӣ дар ҳамдастӣ бо дигар ниҳодҳо корҳои безараргардониро шабонарӯзӣ ба роҳ монда корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ идома меёбад.
Ба кормандони шуъбаи хадамоти давлатии оташнишониии ВКД ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиолоӣ дар ноҳия дастур дода шуд, ки дар рӯзҳои наздик бо истифода аз техникаҳо кучаю хиёбонҳо корхонаву муассисаҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва роҳҳои мошингарду пиёдагардро бо маҳлулҳои «Алмадез», гипохлориди натрий ва хокаи хлор безарар гардонанд.
Корхонаҳои хурди дузандагии дар ноҳия буда, муваззаф гардиданд, ки барои пешгирӣ аз сироятёбӣ истеҳсоли ниқобҳоро бештар ба роҳ монда, аҳолиро бо ниқобҳои сифатан хуб ва арзони тиббӣ таъмин намоянд.