Пешгирӣ аз сироятёбӣ ба COVID-19
Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба бемории нави коронавируси COVID-19 дар ноҳияи Тоҷикобод тадбирҳои безараргардонӣ бомаром ҷараён дорад.
Тибқи иттилои масъулин аз ҷониби шуъбаи безараргардонии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар якҷоягӣ бо кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ 15 километри шоҳроҳ, ки аз дохили ноҳия мегузарад, инчунин кӯчаҳо ва биноҳои давлатӣ, бозору мағозаҳо ва дигар иншоотҳои маркази шаҳраки Тоҷикобод бо истифода аз 10 тонна маҳлули тайёршудаи гипохлориди 05 % калций безарар гардонида шуданд. Бояд қайд намуд, ки ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии сирояти короновирус дар асоси дастуру супоришҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ амалӣ карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар робита бо Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии ноҳия бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва таъмини солимии шаҳрвандон тадбирҳои безараргардонии сартосариро пурзӯр намуда, минбаъд ин иқдом дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, кӯчаву хиёбон, мавзеъҳои фароғатӣ ва ғайра роҳандозӣ гардида, ин раванд ҳамарӯза вусъат меёбад. Ин тадбирҳо то анҷом ёфтани паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон идома меёбанд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки баҳри таъмини сокинон бо ниқобҳои ҳимоявӣ низ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар 5 коргоҳи дӯзандагии ноҳия то имрӯз зиёда аз 20 ҳазор ниқоб духта шуда, ба сокинон пешниҳод гардидааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус сокинони ноҳияро зарур аст, ки аз ҳар вақта дида дар тозаю озода нигоҳ доштани манзили зист ва риояи гигиенаи шахсӣ масъулияти баланд эҳсос намоянд.