Изҳори ҳамдардӣ ва таслият
Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод аз номи тамоми мардуми ноҳия бинобар даргузашти бемаҳали Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмадшозода Ҳамидулло Ғайратшо ба аҳли оила ва наздикони марҳум ҳамдардӣ изҳор намуда, дар ин мусибати ғамангез худро шарик меҳисобанд.
Номбурда соли 1970 дар деҳаи Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфта аз соли 1993 то соли 2018 дар вазифаҳои масъули давлатӣ кор кардааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2018 ба вазифаи раиси ноҳияи Тоҷикобод таъин гардида бо меҳнати софдилонааш ба халқу кишвар мувафақона адои вазифа намудааст. Дар як муддати кӯтоҳ бо сарварии ӯ дигаргӯниҳои қобили мулоҳиза дар ноҳия ба вуқуъ пайваста, ободкориҳои зиёде рӯи кор омаданд.
Хотираи неки ин марди ватандӯст ва боирода аз қалби мардуми ноҳияи Тоҷикобод ҳаргиз фаромуш намегардад. Ҷоят ҷаннат ва манзили охиратат обод бод фарзанди баруманди диёр.