Кишти картошка дар мавзеъҳои баландкӯҳ

            Картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзии  ноҳияи Тоҷикобод буда, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳот нақши муҳим дорад.

             Бо мақсади  иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди зиёд намудани майдонҳои кишти картошка дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия  мавсими кишт бо суръат идома дорад. Имрузҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ширинчашма дар мавзеи  баландкӯҳи Себистон, ки аз сатҳи баҳр дар баландии 1800 метр ҷойгир буда, дар ин ҷо нисбати заминҳои поёноб мавсими кишти картошка дертар оғоз меёбад, деҳқонон ба кишти картошка оғоз намуданд.

               Дар ин мавзеъ аз ҳисоби заминҳои чарогоҳ ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда  майдони кишти картошка васеъ карда мешавад. Тибқи иттилои масъулин нақшаи кишти картошка дар ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия дар заминҳои ҳоҷагиҳои деҳқонии колективӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 1008 гектарро ташкил дода, то имрӯз 47 фоиз иҷро гардидааст. Дар заминҳои наздиҳавлигии сокинони 5 ҷамоати ноҳия бошад нақшаи кишти картошка 1078 гектарро ташкил дода то имрӯз 57 фоиз иҷро гардидааст. Аз рӯи тавсияи мутахассисон ва таҷрибаи деҳқонон картошка дар доманакӯҳои ноҳия  нисбатан ҳосили фаровон медиҳад, аз ин рӯ аз ҳисоби заминҳои баландкӯҳи Себистон  бо истифода аз тухмиҳои хушсифати маҳаллӣ картошка кишт карда мешавад.

              Бо супориши Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин ҷиҳати сари вақт таъмин намудани хоҷагиҳо бо оби полезӣ техникаҳо барои тоза намудани каналҳои обёрикунанда сафарбар гардида, мардум дар навбати худ бо истифода аз трактор ва дигар техникаҳои кишоварзӣ ба шудгори замин ва кишти картошка дар доманакӯҳҳо оғоз намуданд. Раиси ноҳияи Тоҷикобод аз рафти кишт дидан карда, дастур доданд, ки дар муддати 10 рӯз дар тамоми заминҳои обии дар доманакӯҳ буда, кишти картошка пурра гузаронида шавад.

              Деҳқонони ноҳияи Тоҷикобод  дар баробари кишти дигар зироатҳои кишоварзӣ, ҳамасола барои парвариш ва истеҳсоли картошкаи хушсифат заҳмат кашида, имсол низ мақсад доранд бо иҷрои саривақтии нақша, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, саҳми муносиби худро гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code