Майдони кишти картошка 667 гектар зиёд гардид
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи муракаби ҷомеаи ҷаҳонӣ вобаста ба таъсири номатлуби бемории сироятии коронавирус Covid-19 ба иқтисодиёти аксари мамолики дунё, ҷиҳати таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва бо нархҳои арзон пешкаш намудани он ба аҳолӣ кишти картошка дар ноҳияи Тоҷикобод нисбати солҳои пешин зиёд карда шуд.
Бобати зиёд намудани майдони кишт аҳолӣ, хоҷагиҳои инфиродӣ ва коллективии деҳқонии ноҳия кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Ба ҳолати 22 июни соли ҷорӣ ҳамагӣ дар ноҳия 1752 гектар картошка кишт карда шуд, ки нисбат ба соли гузашта 667 гектар зиёд буда, майдони кишт 61 фоиз васеъ гардидааст. Аз ҷумла, дар қитъаҳои замини наздиҳавлигии аҳолӣ 953 гектар (532 гектар аз порсола зиёд) картошка шинонда шуд. Хоҷагиҳои инфиродии деҳқонӣ майдони кишти картошкаро ба 414 гектар (83,2 гектар аз порсола зиёд), хоҷагиҳои коллективии деҳқонӣ ба 380,1 гектар (52,1 гектар аз порсола зиёд) расониданд.
Боиси зикр аст, ки картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳияи Тоҷикобод буда, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳот нақши муҳим дорад. Аз рӯи тавсияи мутахассисон ва таҷрибаи деҳқонон картошка дар доманакӯҳои ноҳия нисбатан ҳосили фаровон медиҳад, аз ин рӯ аз ҳисоби заминҳои баландкӯҳи Себистон бо истифода аз тухмиҳои хушсифати маҳаллӣ кишти картошка дар заминҳои чарогоҳ ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда зиёд карда шуд. Дар зиёд гардидани майдони картошказори ноҳия аҳолии ҷамоатҳои деҳоти Қалъаи лаби об, Лангари шоҳ, ба номи М. Шогадоев, Нӯшор, хоҷагиҳои коллективии деҳқонии «Меҳнат» ба номи А. Қаландаров, «Сари най», хоҷагии ҷангал, қитъаи навъсанҷӣ, «Себзор», хоҷагиҳои инфиродии деҳқонии ҷамоатҳои деҳоти Ширинчашма, Нӯшор, Қалъаи лаби об ҳиссаи арзанда гузоштанд.
Деҳқонони ноҳияи Тоҷикобод дар баробари кишти дигар зироатҳои кишоварзӣ, ҳамасола барои парвариш ва истеҳсоли картошкаи хушсифат заҳмат кашида, имсол низ мақсад доранд бо иҷрои саривақтии нақша, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, саҳми муносиби худро гузоранд.