Фирефтаи ҳарзагӯйҳо нашавем
Маълум, ки ҳоло назҳатиёни моҷароҷӯю қудратталаб дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, кӯшиш мекунанд, то аз ҳамон ҷо истода бар алайҳи миллати тоҷик мубориза баранд, мафкураи ҷавононро тағйир диҳанд, кишварро хароб созанд. Назҳатиён имрӯз дур аз кишвар зиндагӣ намуда, бо пули хоҷаҳои хориҷиашон кайфу сафо карда мегарданд.
Онҳо худро гоҳ ватандӯсту ғамхори миллат муаррифӣ мекунанд ва гоҳо ҳомии халқ, аммо дар асл бошад душмани разил ҳастанд ва бар алайҳи миллат мубориза мебаранд. Кӯшиш мекунанд, ки миллатро гумроҳ созанд ва аз хоҷагони хориҷиашон пулҳои зиёд ба даст оваранд. Назҳатиён бештар дар зери ниқоб амал намуда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то чеҳраи аслии худро пинҳон доранду бо ҳамин роҳ ҷомеаро гумроҳ созанд.
Назҳатиён ҳаргиз дар фикри беҳбуд ёфтани рӯзгорӣ мардум нестанд ва ҳаргиз нияти нек шудани зиндагии миллатро надоранд. Мақсади онҳо дигар аст. Нақшаи ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта амалинакардаи хешро, ки берун аз хоҳишу иродаи халқи Тоҷикистон тарҳрезӣ гардида буд, аз нав амалӣ кардан мехоҳанд. Яъне эъмори давлати исломӣ. Хуруҷи бемории сироятии коронавирус як баҳонаест, ки ба онҳо фурсати ниқоргириро додааст. Аз хоҷагони хориҷии худ қарздоранд. Аз он лиҳоз, ки маблағи ҳангуфти онҳоро солҳои ҷанги шаҳрвандӣ азхуд карда, мақсади геополитикии онҳо, яъне бунёди давлати исломиро дар Тоҷикистон бо ҷангу хунрезӣ роҳандозӣ карда натавонистанд.
Ҳар як сафсатаву ҳарзаҳое, ки назҳатиён имрӯз дар сомонаҳои ифротии худ ба нашр мерасонанд ба ҳамин мақсад нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванди кишварро, ҳар як ҷавони ватандӯстро лозим аст, то зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанду фирефтаи душманони назҳатӣ нагарданд. Зеро хоинони миллат имрӯзҳо бо садҳо рангу намуд мебароянд ва пайваста кӯшиш мекунанд, то ба мақсадҳои нопоки худ бирасанд.
Дӯстмурод Валиев, директори Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Тоҷикобод