Ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ оғоз ёфт

             Картошкапарварӣ яке аз самтҳои асосии кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод буда, ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ, афзун гардидани имкониятҳои содиротии мамлакат ва ба кори доимӣ таъмин намудани аҳолии деҳот нақши муҳим дорад. Таъкидҳои Пешвои муаззами миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, алалхусус картошка асосан дар ноҳияи Тоҷикобод иҷро гардид. Бори аввал майдони кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба 2005 гектар расонида шуд, ки нисбати соли гузашта 84,5 фоиз зиёдтар аст. Аз рақами дар боло номбурда 937,7 гектараш ба сохтори кишоварзӣ рост меояд. Дар хоҷагиҳои коллективӣ ва инфиродии деҳқонӣ назар ба порсола майдони кишти картошка 272,7 гектар васеъ гардид.

            Имрӯзхо дар хоҷагии деҳқонии  «Нӯшор»-и ноҳия ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ оғоз гардида, рафти ҷамъоварии ҳосили имсола нишон медиҳад, ки заҳмати имсолаи кишоварзон натиҷаи дилхоҳ ба бор овардааст.

            Юсуфҷон Худойдодов аз деҳаи Шарқиён анъанаи дерини деҳқонони ноҳияро, ки маъмулан даҳаи дуюми моҳи август ба ҷамъоварии картошка оғоз менамоянд, шикаст. Ӯ рӯзи 7 июл қитъаи картошкаи хоҷагии деҳқониашро, ки майдони 0,40 гектарро ташкил медод, ҷамъоварӣ намуд. Рӯзи ҷамъоварии ҳосил раиси ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос ва намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ Муҳаммадҷонзода Олимҷон ба сари замин ташриф оварда, ба Юсуфҷон барори кор хостанд.

             -Ман 15 март картошка кишт намуда будам, – гуфт ӯ. – Тухмии навъи маҳаллиро аз деҳаи Ширинчашма харидорӣ карда будам, ки онро мардум  «сафедак» меноманд. Аз давраи кишт қариб чор моҳ гузашт, ҳосил пухта расид. Чун харидор аз шаҳри Душанбе пайдо шуд, бе ҳеҷ дудилагӣ ба ҷамъоварии ҳосил сар кардам, чуноне  мебинед зарар надидам,  12 тонна картошка бо нархи ҳар килояш 2 сомониву 85 дирамӣ аз сари замин ба фурӯш рафт. Шуғли асосии Юсуфҷон Худойдодов деҳқонист. Бо номи «Нӯшор» дар майдони 2 гектар хоҷагии деҳқонӣ дорад. Дар як гектари он боғ бунёд намудааст. Дарахтон имсол ҳосили хуб бастаанд. Зардолуҳояш хеле барвақт пухтанд, ки чанд бор меваи онро ба бозор баровард. Бо мақсади истифодаи босамари замин байни қаторҳо  гандум коридааст, ки ду ҳафта баъд ба дараву куфтани он шуруъ хоҳад кард. Майдони боқимондаро дар 0,20 га сабзӣ, 0,40 га юнучқа ташкил медиҳад. Баъди ду – се рӯз ҳосили сабзиро  низ ғундоштанист.

                 Ва боз бобои Юсуф иқдоми дигарро пеш гирифтанист. Ният дорад дар замини холишудаи картошка ва сабзӣ ҷуворимакка корида, ба деҳқонони ноҳия исбот намояд, ки аз замини диёри мо низ метавон ду ҳосил гирифт. Боварӣ дорад, ки имконияти кишти ҷуворимакка барои силос мавҷуд аст. Юсуфҷон Худойдодов чанд даҳсола пеш фоидаи гузаштан ба шакли нави хоҷагидориро дарк карда буд ва яке аз аввалинҳо шуда, дар ҷамоати Нӯшор хоҷагии деҳқонии «Нӯшор» – ро таъсис дод. Ҳамин ду гектар аҳли оилаашро мехӯронаду мепӯшонад.

                 Кишоварзони ноҳияи Тоҷикобод  дар баробари аз худ кардан ва обёрӣ намудани заминҳои бекорхобида қитъаҳои нави заминҳои кишоварзиро барои парвариш ва истеҳсоли картошка васеъ намуда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад, саҳми муносиби худро мегузоранд.  

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code