Маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

               Дар толори бахши фарҳанги ноҳия маҷлиси ҳисоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Тоҷикобод баргузор гардид. Дар он ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Лутфуло Шифоев шунида шуда, вазифаҳои навбатӣ ба ташкилотҳои ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2020 муайян карда шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки аъзоёни ҳизб нисбат ба рӯйдодҳои муҳими сиёсию ичтимоии нафақат кишвар, балки минтақа  ва ҷаҳон бетафовут набошанд, онҳоро таҳлилу баҳогузорӣ намоянд ва фаъолияти сиёсию ҳизбии худро мутобиқи онҳо ба роҳ монанд. Аз ҳисоби шахсони обрӯманд, фаъолон, занон, ҷавонон ва аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар арафаи маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намоянд. Ҳамкориро бо тамоми сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пайваста таҳким бахшида, дар ҳалли масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ нақши шоиста дошта бошанд.

     

                   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадор карда шуданд, ки зираки сиёсиро аз даст надода, барои пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ намуда, таваҷҷуҳ ба занону ҷавонон ва тарбияву сафарбар кардани онҳо ба корҳои давлативу ҷамъиятиро яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия донанд.

             Фаъолияти Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳия ҷоннок гардонида шуда, таҷрибаи ғании собиқадорон дар самти тақвияти арзишҳои ватандорӣ, худшиносӣ, эҳтироми суннатҳои миллии мардум ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат мавриди истифода қарор гирад.

             Бо мақсади иҷрои талаботҳои оинномавии  ҲХДТ ташкилотҳои ибтидоӣ вазифадор карда шуданд, ки ба ҳайати сифати аъзоёни ҳизб диққати ҷиддӣ дода, ба ҷалб ва шомилшавии ҷавонон аз ҷумла фаъолзанон  ба сафҳои ҳизб иқдом намоянд.

            Дар тарғиби даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018-2028, 30 – солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва чорабиниҳои дар пешистодаи сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ омодагии ҷиддӣ гирифта, чорабиниҳоеро роҳандози намоянд, ки ба таҳкими Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва густариши худшиносию ватандӯстии шаҳрвандони ноҳия мусоидат намоянд.             Перомуни  дастуру иқдомоту ташаббусҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ соҳибкорону фаъолонро ҳарчи бештар ҷалб намуда, дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи мардум ҳиссагузор бошанд: Дар корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 30-солагии Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳибкорону фаъолони ҳизбро бештар ҷалб намуда, доир ба татбиқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди андешидани чораҳои пешгирикунадаи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронависрус корҳои фаҳмондадиҳиро ба сокинони ноҳия ба роҳ монда, дар якҷояги бо кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати безарар гардонидани манзилҳои истиқоматӣ, сӯҳбату вохӯриҳо доир намоянд.

              Дар хотима ба иштирокдорон ва аъзоёни ҳизб филми “Хиёнат” намоиш дода шуд.      

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code