Машварати августии Литсейҳои касби- техникӣ
Дар ноҳияи Тоҷикобод машварати августии кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Бадахшон доир гардид, ки дар он роҳбарони Литсейҳои касбии техникӣ ва кормандони муҳандисию омузгорӣ иштирок намуданд.
Машварат таҳти раёсати масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар кори он доир ба ҳадафи чорабинӣ ва рафти татбиқи Барномаҳои давлатӣ дар самти касбомӯзӣ маърӯзаҳо қироат гардиданд. Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди беҳдошти касбомӯзии ҷавонон ва такмили сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд. Аз ҷумла қайд гардид, ки ба талаботи бозори меҳнат ва меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани сифати касбомӯзӣ аз талаботи замони имрӯза ба ҳисоб рафта, он аз масъулини соҳа вазифаю масъулияти баландро тақозо менамояд.
Пас аз қисмати ифтитоҳӣ иштирокчиён дар синфхонаҳои бинои таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Точикобод аз рӯи бахшҳои директорон, муовинони таълими истеҳсолӣ, таълим ва тарбия машғулиятҳои назариявӣ доир карда шуданд. Дар рафти машварат доир ба омодагиҳо ба соли нави таҳсил ва татбиқи нақшаву барномаҳои таълимӣ, роҳу усулҳои беҳтар намудани сифати таълим суҳбатҳо доир гардид. Бо дастгирии сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат имрӯзҳо иншоотҳои соҳа бунёд ва таҷдид гардида, барномаҳои мукаммали таълимӣ таҳия мегарданд. Дар ин радиф бо сифати баланд таъмиру таҷдид гардидани бинои таълимии Литсейи касбии техникии ноҳияи Тоҷикобод ва фаро гирифтани духтарони маҳаллӣ бо касбҳои фермер- соҳибкор дар доираи ҳамкориҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд нишони дастовардҳои соҳа ба шумор меравад.
Машварати августии кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Бадахшон дар ноҳияи Тоҷикобод барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар самти касбомӯзӣ ва тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ мусоидат намуд.