Конференсияи ғайринавбатии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод
Санаи 18 августи соли 2020 бо иштироки раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод Лутфулло Шифоев, Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кадрҳои дастгоҳи КИ ҲХДТ Ҳабибзода Зоир, намояндаи Раёсати КИ ХХДТ дар ноҳияи Рашт Зарина Идиева, намояндагони Мақомоти иҷроия, фаъолон, вакилони ноҳиявӣ, ҷамоатӣ, раисони ташкилоти ибтидоӣ ва аъзоёни комиҷроия, конференсияи 16-уми ғайринавбатии ташкилотҳои ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод гузаронида шуд.
Дар конференсия Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Лутфулло Шифоев баромад намуда, ҳозиринро аз масъалаҳои баррасишаванда огоҳ намуд. Дар он ду масъала, омодагии ташкилотҳои ҳизбӣ ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби вакилон ба анҷумани XIV-уми ғайринавбатии ҲХДТ баррасӣ гардид.
Вакилон аз дастуру ҳидоятҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамллакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои қабулкардаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Марказии ҳизб, ки 6-августи соли 2020 баргузор гардид, натиҷагирӣ карданд. Рафти омодагӣ ба баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-октябри соли равон баргузор мегардад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Конференсия узви раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Фақерзода Қадриддин Аббос, Раиси комиҷроия Лутфулло Шифоев ва Раиси ташкилоти ибтидоии «Молия» Шарифзода Бахтиёрро вакили Анҷумани ғайринавбатии XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб намуданд, ки баргузории он 3-сентябр соли 2020 дар шаҳри Душанбе эълон гардидааст.
Оиди масъаҳои матраҳшуда пас аз муҳокимаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардида, дар фаровард ба як қатор аъзоён, ки тоза ба сафи ҳизб пайвастанд шаҳодатномаҳои аъзогӣ тақдим гардид.