Ба истифода супоридани иншоотҳо дар арафаи ҷашни Истиқлолият
Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Фатҳободи ҷамоати деҳоти Қалъаи лабиоб ноҳияи Тоҷикобод, дар назди муассисаи № 2 бинои иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи иншоотҳои мазкур Раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷонзода Олимҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Бинои мазкур мушкилии норасогии ҷойи нишастро бартараф намуда, дар арафаи соли хониши нав тӯҳфаи арзандае барои хонандагон ва устодон арзёбӣ гардид. Ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти мазкур қайд гардид, ки аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа дода шуда, ҳамасола макотиби наву замонавӣ сохта мешаванд.
Бино аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод бо маблағи 913 970 сомонӣ дар зарфи 2 сол аз тарафи ҶДММ Нушор-1 сохта шуда, дар ҳаҷми 6 синфхона барои 240 нафар дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Дар деҳаи Ғанишоб бошад як синфхонаи компютерӣ ва дар шафати он як бунгоҳи тиббӣ бо маблағгузории сокинони деҳа бунёд гардида, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо компютер ва дигар таҷҳизоти лозимӣ таъмин гардид.
Ҳамчунин дар доираи корҳои созандагию ободонӣ дар ҷамоати деҳоти Лангари шоҳ деҳаҳои Сабзазор ва Мазори поён бо дастгирии собикорони маҳаллӣ хати оби нӯшокӣ барои 250 хочагӣ мавриди истифода карор дода шуд .