Кӯмак ба ниёзмандон
Дар арафаи ҳар як иду ҷашни миллӣ дастгирию пуштибонии табақаҳои ниёзманд ҳамчун кори хайру савоб дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, тибқи анъана дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ амалӣ мегардад ки шаҳодати ин сиёсати инсонпарварона мебошад.
Бо ин мақсад дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Тоҷиктрансгаз”дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ба 100 нафар ниёзмандон, кумаки молӣ расонида шуд. Кумак асосан аз маводи хурокворӣ аз қабили орду равған иборат буда, ба пиронсолону маъюбони яккаву танҳо, оилаҳои дар шароити душвори зиндагӣ қарордошта ва кӯдакони имконияташон маҳдуд расонида шуд.
Дар рафти тақсимоти кӯмакҳо раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос аз якчанд оилаҳои ниёзманд ва тарзи зиндагии онҳо дидор ба амал оварда бо онҳо ҳамсӯҳбат гардиданд. Раиси ноҳия зимни дидору гуфтугӯ бо ниёзмандон изҳор доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод минбаъд низ ба қишри осебпазиру ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, барои татбиқи сиёсати хайрхоҳонаи Пешвои миллат дар самти дастгирии ниёзмандон чораҳои заруриро роҳандози менамояд.