Омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ

            Тибқи нақшаи Сардори ситоди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси ноҳияи Тоҷикобод доир ба таёрии сафарбарии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди парчам ва нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тарғиботию омодагӣ ва ҳамзамон дар бинои фарҳанг мулоқоти роҳбарияти ноҳияи Тоҷикобод бо ҷавонони синни даъватии 1994 то соли 2003 доир гардид.

             Бо даъватшаввандагоне, ки ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шудаанд, раиси ноҳияи Тоҷикобод Фақерзода Қадриддин Аббос вохурӣ намуда, онҳоро ба ҳимояи марзу буми кишвар даъват намуданд.

 

       Аз ҷумла таъкид намуданд, ки имрӯзҳо ҷавонони мо аз ҳама ҷамоатҳои деҳоти ноҳия дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сари баланд адои хизмат менамоянд. Боиси сарфарозист, ки аксарият сазовори ҳурмату эҳтироми баланд гардида, бо медал ва Раҳматномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд. Раиси ноҳия инчунин ба ҳамаи падарону модарон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ки чунин фарзандони боғуруру ватандӯстро бо меҳру муҳаббати самимӣ тарбия намудаанд ва бо амри дил имрӯз барои хизмати Ватан-Модар ҳозир гаштаанд, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, арзи сипос намуданд. Дар навбати худ омодагии роҳбарияти ноҳия барои дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ҷиҳати дар оянда ба касбомӯзӣ фаро гирифтани онҳо таъкид карда шуда ба онҳо барои сари вақт ва ихтиёран ҳозир шуданашон ба комиссариати ҳарбӣ ифтихорномаҳо тақдим намуданд. 

  

            Ҷавонон дар навбати худ ваъда доданд, ки рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбии ноҳия ҳозир шуда, дар як рӯз дастаҷамъона ба хизмати Модар –Ватан рафта софдилона ва поквиҷдонона хизматро адо менамоянд. Дар назди ҷавонон раиси собиқадоронии ҷангу меҳнат Абдусамад Идрисов ба сухан баромада, аз корнамоиҳои диловарони тоҷик дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиходи Шӯравӣ ёдоварӣ намуд. Зимни суханронӣ зикр гардид, ки дар қатори қаҳрамонони тоҷик дар замони Ҷанги бузурги ватанӣ аз ноҳияи Тоҷикобод  ду каҳрамони  Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов, инчунин баъдтар як нафар Қаҳрамони Россия зодаи  диёри мо Муҳриддин Ашӯров боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мост.  

          Пас аз мулоқот ҷавонони даъватшуда аз муоинаи тиббӣ гузашта, шахсони солим барои  дар рӯзи аввали даъват шомил шуданашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳӣ ҷумҳурӣ номнавис гардиданд. 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code