Ҳашарҳои дастаҷамъӣ
Дар доираи омодагиҳо бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта ҳашарҳои дастаҷамъӣ ташкил мегардад.
Мардум бо як руҳияи баланди масъулиятшиносӣ дар ободу зебо кардани кӯчаву маҳали худ, гулгаштҳои боғи фарҳангию фароғатӣ ва майдони парчаму нишони давлатӣ дар маркази ноҳия саҳм мегузоранд.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия имрӯзҳо корҳои ободонию бунёдкорӣ тариқи ҳашарҳо дар боғи фарҳангию фароғатӣ бо маром идома дошта, мардум бо як рӯҳияи баланди ватандӯстона ба меҳнати созанда машғуланд.