Владимир Жириновский, раиси ҳизби либерал демократи Русия дар як барномаи телевизионӣ хостори ҷалби бештари муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон шуд.

Владимир Жириновский дар мусоҳиба бо рӯзноманигор Владимир Соловев изҳор дошт, ки агар Русия ба коргар ниёз дошта бошад, бигзор бештар аз Тоҷикистон ҷалб шаванд.

“Русия метавонад интихоб кунад. Бештари муҳоҷирони меҳнатӣ бояд аз Тоҷикистон ҷалб шаванд”, – гуфт Жириновский.

https://youtu.be/TuMxgpLNMcg

Ҳамзамон раиси ҳизби либерал демократи Русия дар посух ба суоли Владимир Соловёв, илова кард, ки ӯ дар сафари охираш ба ҷумҳурӣ дар ин масъала бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтугӯ карда ба тавофуқ расидааст.

Ёдрас мешавем, ки тибқи иттилои Гулру Ҷабборзода, сардори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон тӯли шаш моҳ 129 ҳазору 807 шаҳрванди Тоҷикистон барои кор ба хориҷа рафтаанд.

Ҷабборзода гуфт, ин рақам нисбат ба соли гузашта 57% камтар аст. Ӯ гуфт, агар маълумотҳои омориро муқоиса намоем, пас дар соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 ҳазор нафар камтар муҳоҷирон камтар барои дарёфти кор ватанро тарк кардаанд.

Номбурда гуфт, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ барои кор ба Русия рафтанд, ки теъдоди он ба  117 ҳазор мерасад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

*

code