МАЪРИФАТНОКИИ БОНУВОН – ОМИЛИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА
Дар толори шуъбаи фарҳанги ноҳияи Тоҷикобод бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия конференсияи амалӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занон» баргузор гардид. Конфронсро сармутахассиси бахши кор ба занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ноҳия Файзинисо Абдусатторова ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию давлатӣ дар мисоли фаъолияти босамари бонувони фаъоли ноҳия суханронӣ намуд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Меҳринисо Гадозода дар мавзӯи «Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занону духтарон» маърӯза намуд. Зимни маърӯза доир ба дастгирию ғамхориҳои Президенти мамлакат нисбати бонувони навоҳии кӯҳистон, фаъолияти Бахш дар самти маърифатнокии занону духтарони ноҳия ва роҳҳои пешгирии азҳампошхурии оилаҳои ҷавон фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид.
Дар конфронс мудири бахши дин ва танзими анъана ва ҷашну маросими назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Хайрулло Миршоев, мудири маориф Саидбурҳон Мансуров, роҳбари Маркази пешгирии бемориҳои СПИД Маҳмуд Олимов ва як қатор раисони Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия баромад намуданд. Зимни баромадҳо доир ба рафти иҷроиши конунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор масъалаҳои муҳими рӯз дар самти кор бо занон ва оила фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардиданд.
Дар поёни конференсия аз ҷониби муовини раиси ноҳияи Тоҷикобод Назризода як қатор мушкилот ва норасоиҳо дар самти таълиму тарбияи насли наврас, маърифати ҳуқуқии духтарону занон, риояи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, риояи сарулисобси миллӣ, роҳ надодан ба тамоюлҳои бегонапарастӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, азҷумла ВНМО, СOVID-19 ва дигар бемориҳои гузаранда, инчунин доир ба дигар масоили мубрами рӯз ба таври муфассал мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба карор дода шуданд.