Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод барои ишғоли мансабҳои холии зерин озмун эълон менамояд:
Дастгоҳи раиси ноҳия:
- Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия 1 ҷой, маоши мансабӣ 724,50 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия
- Самутахассис (сармуҳосиб)-и шуъбаи кишоварзии мақомоти иҷроия-
1ҷой маоши мансабӣ 1076,40 сомонӣ;
Мақомоти шаҳрак ва деҳот
- Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и ҷамоати деҳоти Лангари
Шоҳ-1 ҷой, маоши мансабӣ 1028,10 сомонӣ
- Мутахассиси пешбар (оид ба андоз)-и Ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби
Об – 1 ҷой, маоши мансабӣ 841,80 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбар (оид ба омор) ҷамоати деҳоти Қалъаи Лаби
Об – 1 ҷой, маоши мансабӣ 841,80 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбари Ҷамоати деҳоти ба номи М. Шогадоев (нозири
мизи бақайдгирии ҳарбӣ) – 1 ҷой, маоши мансабӣ 841,80 сомонӣ;
- Сармутахассиси Ҷамоати деҳоти Нӯшор (оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим) – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1028,10 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбар (оид ба САҲШ)-и Ҷамоати деҳоти Нӯшор – 1 ҷой, маоши мансабӣ 841,80 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбар (оид ба омор)-и Ҷамоати деҳоти Нушор – 1 ҷой, маоши мансабӣ 841,80 сомонӣ;
- Мутахассис (оид ба андоз)-и Ҷамоати деҳоти Нушор – 1 ҷой, маоши мансабӣ 690,00 сомонӣ;
- Сармутахассис (муҳандиси заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1045,50 сомонӣ;
- Сармутахассис (оид ба корҳои дин) -и Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1045,50 сомонӣ;
- Мутахассиси пешбар (мизи ҳарбӣ)-и Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой, маоши мансабӣ 859,20 сомонӣ;
- Сармутахассис (муҳосиб)-и Ҷамоати деҳоти Ширинчашма – 1 ҷой,
маоши мансабӣ 1045,50 сомонӣ;
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мешаванд:
- Ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ.
- Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6).
- Тарҷумаи ҳол.
- Нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот.
- Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки собиқаи меҳнатӣ надорад).
- Маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ шакли 086 УЕ.
- Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда.
- Маълумот дар бораи даромад аз вазъи молу мулк (эъломия).
- Нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
- Нусхаи шиноснома.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад; – 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ; – малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ, малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар – таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад, малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис;
– таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.
Қабули ҳуҷҷатҳо то то 05.11.2020
Эзоҳ: иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Суроға: шаҳраки Тоҷикобод, кӯчаи Исмоили Сомонӣ–13, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод.
телефонхо 8(3154) 2-14-10 8(3154)2-14-10
Иҷрокунанда: Масъули хадамоти кадрии дастоҳи раиси ноҳияи Тоҷикобод Муҳаммадалии И